Муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо як сол кам шуд

Тибқи муқаррароти нави қонун, муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) як сол кам карда мешавад.

Дар ин бора раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Минбаъд довталабоне, ки таҳсилоти асосии умумии синфи 9-ро гирифтаанд, коллеҷро дар муҳлати 3 сол хатм мекунанд, дар ҳоле ки қаблан ин муҳлат 4 сол буд. Барои хатмкардагони синфи 11 муҳлати таҳсил аз 3 сол то 2 сол коҳиш дода мешавад.

Ин иқдом бо мақсади беҳсозии низоми таҳсилоти касбӣ ва мутобиқ кардани он ба талаботи бозори меҳнат амалӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *