Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода ба истифода дода шуд
9 декабр Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи мазкур аз 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 1056 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон замина хоҳанд гузошт. Муассиса дорои компютерҳои пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет аст.

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода 9 декабр Эмомалӣ Раҳмон 8 муассисаи соҳаи маориф, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Роҳати деҳоти Турсун Туйчиев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 дар деҳаи Файзобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Шӯрхок, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи Юлдош Ашуров, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар деҳаи Ҳуснобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122 дар деҳаи Навобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108 дар деҳаи Шулум ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар деҳоти 10-солагии Истиқлолиятро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ