Мубориз Усмонов “Сипос”-ашро муаррифӣ мекунад

Мубориз Усмонов, ровӣ, актёр, продюсер ва овозхони тоҷик аввалин консерти яккаи худро дар шакли муаррифии албоми нав бо номи «Сипос» рӯзи 20 май дар кохи Суруш баргузор мекунад.

Дар хусуси ин барномаи консерти Мубориз Усмонов дар суҳбати кутоҳ ба мо гуфт, ки албоми нав иборат аз 20 суруд мебошад, ки то имрӯз ҳаводорони санъату ҳунар танҳо 10 таронаи онро шунидаанд.

“Дар барномаи консертӣ, ки албоми нав муаррифӣ мегардад, мухлисон 10 суруди нави маро мешунаванд”, — илова намуд Усмонов.

Барномаи «Корзина» бо Мубориз Усмонов

Гуфта мешавад, ки саҳми оҳангсозону танзимгарони дохиливу хориҷӣ дар ин барномаи консертӣ назаррас мебошад. Аз ҷумла, танзими Ҷасур Бадалбаев, оҳанги Шаҳбоз Насирҷанов, оҳанги Даврони Раҳматзод ва мантҳои Орзу Исо дида мешаванд.

Ба иттилои овозхон мухлисонро дар консерт сурудҳои дуовозӣ ва меҳмонон аз ҳисоби намояндагони шоу-бизнеси кишвар интизор хоҳанд буд.

Бояд гуфт, ки Мубориз Усмоновро мардум то чанде пеш ҳамчун ровӣ ва продюсер мешинохтанд, ҳоло бошад иловатан чун овозхон.

Ёдовар мешавем, ки санаи 23-юми майл бо ин барномаи корсертӣ Мубориз Усмонов ба шаҳри Хуҷанд меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *