Мухлисдухтар ба гӯши Муҳаммадрафӣ чӣ гуфт, ки соҳиби чипта шуд? (8 акс+2 видео)
Имрӯз дар идораи ҳафтаномаи «Оила» мулоқоти ғоибона бо яке аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар, овозхони номдор ва хушсадотарин ситораи эстрада Муҳаммадрафии Кароматулло баргузор гардид.
Тибқи ваъдаи пешаки мулоқот аз соати 10 то 12 сурат гирифта, аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ саволҳо пешниҳод гардиданд.
Муҳаммадрафии Кароматулло дар ду соати дар даст дошта ба тамоми суолу дархостҳои хонандагон посух дода, дар охир зери як навои дилошуби «Қиссаи дарё» тамоми мухлисонашро саннаи 29 ноябр, соати 18-оо ба Филармоняи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.
Муҳаммадрафӣ дар поёни сӯҳбат аз миёни 50 суоли мухлисон танҳо як суолеро ки мухлисдухтараш тариқи телефон ба худи ӯ расонид, бо чиптаи консерт қадрдонӣ намуд.
Мухлисдухтар ба гӯши ӯ чӣ гуфт ба ҷуз худи Муҳаммадрафӣ касе нашунид вале бахт баланди карду ӯ соҳиби чиптаи консерт гашт. Шояд ӯ талаб кард, ки лоақал як маротиба бо сарояндаи дӯстдоштааш ҳамсӯҳбат шавад ва тасаввур намекард, ки маҳз саволи ӯ ба қаҳрамони имрӯзаи мо писанд меояд ва барояш чиптаи консерт тақдим мекунад.
-Мехоҳед, донед, ки мухлисдухтар ба гӯши Муҳаммадрафӣ чӣ гуфт?
-Мехоҳед фаҳмед, ки дар консерти Муҳаммадрафии Кароматулло киҳо ҳамроҳаш бадеҳа месароянд?
-Нозияи Кароматулло ба консерти бародараш меояд?
-Шоу-кансерти Муҳаммадрафӣ чӣ гуна оғоз мегардад?
Ин ва дигар ҳама суолу дархостҳои мухлисонро дар шумораи №47-иҳафтаномаи «Оила» мутолиа намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ