Мулло Ҳайдар тарки имоматӣ кард
Ҳайдар Шарифзода, ки солиёни зиёд имоматии масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлобро дар маҳаллаи маъруф ба Пашшадара бар дӯш дошт, аз вазифа барканор шудааст.
Ин рӯҳонии тоҷик бо номи Мулло Ҳайдар натанҳо дар вилояти Хатлон, балки дар саросари ҷумҳурӣ машҳур аст ва мардум номашро бо эҳтиром ба забон мегиранд.
Мулло Ҳайдар аз зумраи он уламои машҳури дини ислом мебошад, ки аз сулҳу субот ҷонибдорӣ намуда, мардумро бо панду насиҳат ба роҳи рост ҳидоят менамояд.
Домуллои машҳур сабаби тарки имоматӣ карданашро ба болоравии синну сол рабт дода гуфтааст, вазифаро ба каси дигар супурда бошад ҳам, сохтмони масҷидро назорат хоҳад кард.
Мулло Ҳайдар Шарифзода 78-сол дорад. Имоми нави масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлобро рӯзи 9-август ҳангоми намози ҷумъа ба мардум муаррифӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ