Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Кошта дар шаҳри Самарқанд

Имрӯз, 3-юми апрел дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” дар шаҳри Самарқанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Антониу Кошта, президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо мулоқот ва масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро “аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ” медонад.

Ба иттилои дафтари матуботи Президенти кишвар, Антонио Кошта барои ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфт.

Дар идома ҷонибҳо дар масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, маориф ва диагр мавзуъҳо гуфтугӯ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image