Сирочиддин Икроми

Мулоқоти раиси «Амонатбонк» бо хонум Катлин Плункет дар Лондон

29 марти соли равон дар ҳошияи Форуми сармоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк»  Сирочиддин Икромӣ бо Мудири тиҷорат ва ҳамкориҳои байналмилалии Оҷонсии байналмилалии “Fitch ratings” хонум Катлин Плункет мулоқот кард.

Зимни суҳбат нишондиҳандаҳои молиявии Амонатбонк ва нақшаҳои минбаъда оид ба дастрас намудани нуфузи байналмилалии ин бонк мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти Амонатбонк рӯнамоӣ оид ба дастовардҳои молиявӣ дар соли 2022 пешниҳод гардид.

Пас аз шиносоӣ аз фаъолияти Амонатбонк, хонум Катлин Плункет изҳор дошт, ки гуруҳи кории Оҷонсии байналмилалии “Fitch ratings” омодааст дар наздиктарин рӯзҳо ба Тоҷикистон ташриф оварда, фаъолияти муштаракро оид ба додани нуфузи байналмилалӣ ба Амонатбонк оғоз намояд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд,  ки гуруҳи кории муштарак таъсис дода, дар ин самт фаъолиятро оғоз намоянд.

Ёдовар мешавем, ки КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон буда, дар самти баланд бардоштани хизматрасонихои бонкӣ, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи бонк дар арсаи байналмилалӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *