Ҳоҷӣ Мирзо

Марги беимон. Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо

Шунидам, ки касе дар моҳи шарифи Рамазон вафот кунад, рост ба ҷаннат меравад. Он одам зинокор бошад чӣ?

ФОТИМА, шаҳри Душанбе

Посух:

— Бузургворе дар ин бора гуфтааст: «Парвардигоро, маро марг диҳӣ, қабул дорам, агар зиндагонӣ диҳӣ, онро низ қабул дорам. Марг диҳӣ, марги боимонам деҳ, рӯзи одинаву моҳи рамазонам деҳ».

Марге, ки бо имон бошад, хуб аст, вале беимон бошад… Сагҳо низ дар моҳи шарифи Рамазон мемуранд.

Худованд ба ҳама бандагонаш марги боимон диҳад. Худованд онҳоеро, ки муртакиби гуноҳи кабира мешаванд, азоби алим мекунад. Инсон бояд худаш хулоса барорад: ман, ки тоқати як хори дар поям халидаро надорам, ба ҷазои Худованд чӣ гуна тоқат хоҳам кард?!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *