Амонатбонк

Амонатбонк бо як ширкати бритониёӣ ҳамкориро ба роҳ монд

Рӯзҳои 28 -29 марти соли равон дар шаҳри Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир баргузор гардид. Дар он ҳайати расмии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» низ иштирок намуданд.

Дар ҳошияи баргузории форум раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ барои баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти кормандони бонк бо роҳбари Ширкати байналмилалии мутобиқати бритониёӣ (ICA)  Роб Филипсон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии ба тасвиб расонидани Ёддошти тафоҳум, пеш аз ҳама мутобиқ намудани донишу малакаи кормандони бонк ба талаботҳои байналмилалӣ мебошад.

Вобаста ба зиёд гардидани таваҷҷуҳи шарикони рушд ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ба Амонатбонк, роҳбарияти ин бонк тасмим гирифтааст, ки дар самти мутобиқаткунонӣ низ корҳои заруриро амалӣ намояд.  Зеро, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ низ яке аз ҳадафҳои роҳбарияти Амонатбонк ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *