Муфти

Аз таъкиди муфтӣ то маҳсулоти пастсифату нархҳои дандоншикан

Чаро масъулини танзиму назорат хомӯшанд?

Аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон то муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо дар моҳи Разамон аз савдогарон даъват карданд, ки ҳангоми фурӯхтани маҳсулот инсофро риоя намоянд. Аммо мушоҳидаи ҳафтаи охир дар бозорҳои Душанбе нишон дод, ки инсоф як тараф, виҷдон ҳам намондааст. Арзиши маҳсулоти кишоварзӣ то дигар анвои ниёзи аввали мардум ба осмон дакка мехӯрад. Бозор беназорат мондааст, касе бо чӣ нархе хоҳад, маҳсулот мефурӯшад. Чаро роҳбарони бозорҳо, ниҳодҳои танзиму назорат дар ин маврид бепарво ҳастанд?  

Намунаи ибрат куҷост?

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон зикр намуд, ки моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.

«Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар мусулмони савобҷӯ мебошанд.

Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад».

Аммо дар бозорҳои Душанбе ранг бинеду ҳол пурсед. Дар ин моҳи Рамазон ба саводогарон гӯё Худо додааст, ки дигар ҳар чӣ ба даҳон ояд, маҳсулоташонро нарх мегузоранд. 

«Саховат», дасти сахо куҷо шуд?

Бозори «Саховат» дар Душанбе куҳантарин маркази савдою тиҷорат аст. Мардум бештар инҷо барои хариди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои хӯрданӣ меоянд. Дар даромадгоҳи бозор ҳарчанд аз тарафи Агентии захираҳои давлатӣ гӯшаи маҳсулоти арзон ташкил карда шуда бошад ҳам, вале мардум бештар аз дохили бозор харид мекунанд. Аммо хеле гарон: 1 кг пиёз 10-12 сомонӣ, 1 кг картошка 5 сомонӣ, 1 кг сабзӣ 5 сомонӣ, 1 кг булғорӣ 70 сомонӣ, 1 кг қулфинай 70 сомонӣ, 1 кг помидор 20-25 сомонӣ, 30 дона тухми мурғ 45 сомонӣ…

Дар маҷмуъ, чунин нархҳои дандоншиканро метавон идома дод. Аммо дар беруни бозор бошад, қимати маҳсулот андак пасттар аст. Вале сифат хеле паст аст. Дар як гӯша халтаҳои пиёз чанд қатор ғарам — ғарам хобидаву аз гармӣ ба пӯсидану неш кашидан расидааст. Аниқ аст, ки пас аз чанд рӯз ҷои ин пиёз партовгоҳ мешавад. Вале мардум 1 кг пиёзу картошкаи бесифатро 4-5 сомонӣ мехаранд. Чӣ илоҷ, ҳар кас ба андозаи кӯрпааш пой дароз мекунад.

Таъкиди муфтӣ ба ҳоҷиён  

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар хутбаи худ ба ҳоҷиёни қимматфурӯш ва муллоҳо таъкид намуд, ки «Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи руҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам мебошад. Ин нукта ба ҳоҷиёне дахл дорад, ки дидаю дониста зери шиори «гӯр сузаду дег ҷӯшад» амал менамоянд».

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон

Ба таъкиди Абдуқодирзода, ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан ва аз пули нопок ҳаҷ рафтани шаҳрвандон дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст.

Раиси Шӯрои уламо мегӯяд, дар ин моҳ баъзе ҳоҷиён ва ё диндорони ришдор, ки бозорнишинанд, ба таври сунъӣ ба боло бурдани нархҳо даст мезананд. Ин дар ҳолест, ки мо камбуди равған, орд, меваҷот, гӯшт надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост.

«Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, боло бурдани нархи дигар маҳсулот, умуман сӯйистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад»,- таъкид кард ӯ.

Ҳоҷиёну диндороне, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд, ба гуфтаи Абдуқодирзода, маблағе, ки ба даст меоранд, ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.

Бинобар ин, аз тамоми бозорнишинон ва фурӯшандаҳо дархост кард, ки дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро  боло набаранд, балки ба миқдоре поин фароранд, ки ин беподош нахоҳад монд.

Аммо ин таъкид то куҷо ба гӯши қимматфурӯшон расидааст, ки сокинони пойтахт аз гаронии нархи маҳсулот изҳори нигаронӣ доранд. Имсол ҳам дар моҳи Рамазон нарху навои бозор рӯ ба болоравист. Ин нархҳои дандоншикан имкон намедиҳанд, ки мардум дастархони шомгоҳро дар моҳи Рамазон бо ғизои зарурӣ таъмин намоянд.

Арзон менависанд, гарон мефурӯшанд

Наҷиб Исматов, як сокини кишварро низ нархи маҳсулот дар бозори «Деҳқон», маъруф дар маҳаллаи Гипрозем ва шеваи кори масъулини ин бозор дар ҳайрат гузоштааст: «Вақте мо вориди бозор шудем, рӯзноманигорон онҷо ҳамроҳи намояндагони бозор ба гирифтани мусоҳиба машғул буданд. Мутаассифона, дар ин моҳи шарифи Рамазон ҳам нархҳоро боло бардоштанд. Картошка 5 сомонӣ навишта шуда буду 6 сомонӣ мефурӯхтанд. Пиёз 4 сомонию 50 дирам навишта шуда, вале 12 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ҳамчунин, сабзӣ 2 сомонию 50 дирам навишта шуда, онро 5 сомонӣ мефурӯхтанд. Аз ҳама аламовар ин аст, ки дар ярмаркаҳои «Тоҷикматлубот» низ чунин мушкилот ба назар мерасад. Пиёзе, ки арзон гуфта, дар ярмарка фурӯхта мешавад, 80% пӯсидааст».

Оқибати пинҳонӣ фурӯхтани пиёз

Воқеан, ин бозор дар зери итоати «Тоҷикматлубот» аст. Мушкилот ҳам дар он аст, ки роҳбарияти «Тоҷикматлубот» ба ин бозор таваҷҷуҳ надорад, вагарна ҳол ба чунин намерасид. Сокинон мегӯянд, ягона бозоре, ки андак танзиму назорат ва шакл мегирифт, “Меҳргон” буд. Аммо бемории қимматии дигар бозорҳо ба инҷо ҳам сироят кардааст. Маҳсулоти ниёзи аввал дар инҷо хеле гарон аст. Баъзан тоҷирон пиёзро пинҳонӣ ҳам мефурӯшанд.

“Ҳафтаи гузашта 1 кг редиска 3 сомонӣ, 1 кг карам 3 сомонӣ буд. Ҳоло ба 6-7 сомонӣ расидааст. Дар нархи маҳсулоти қаннодӣ ва меваҷот ҳоҷати гап нест”,- мегӯяд Бобоҷони Неъматулло, сокини пойтахт, ки ҳамеша аз бозори “Меҳргон” хариди хонаро анҷом медиҳад.

Шояд баъди ба 70 сомонӣ расидани 1 кг булғорӣ мардум ба ҷойи он аз карам истифода мебаранду он ҳам майли гароншавӣ дорад?

Хуллас, вазъи имрӯзаи нарх, танзиму назорати он дар бозорҳои Душанбе нигаронкунанда аст. Магар вазифаи роҳбарони бозорҳои пойтахт ҷамъоварии чекпулию уҳдадории роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва блоки иқтисодӣ гирифтани омору пешниҳоди ҳисобот аст?

Усмон РАҲИМЗОДА 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *