Наҷотдиҳандагони тоҷик дар Варзоб ҷасади шаҳрванди Русияро ёфтанд
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Варзоб ҷасади шаҳрванди Русияро дарёфт ва ба мақомоти дахлдор супориданд.
Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади саёҳат ба ин минтақаи кӯҳии кишвар сафар карда, баъд аз корношоям гардидани таҷҳизоти пастпарвозкунандааш ба минтақаи душворгузар афтидааст.

Дар натиҷа ӯ дар ҷойи хавфноки кӯҳӣ ба ҳалокат расидааст.
Пас аз чанд рӯзи рӯзи ҳодиса наҷотдиҳандагони тоҷик ҷасади ӯро пайдо карда, ба мақомот супоридаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ