Намоишгоҳи Сафорати Руминия дар Душанбе

6 декабри соли 2018 дар ҳошияи ҷашни солгарди Рузи миллии Руминия бо ибтикори Сафорати он кишвар (бо қароргоҳ дар шаҳри  Остона) дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena Hotel”-и пойтахт намоиши аксҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва саноеи нафисаи Руминия, ки ба руйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидаанд, баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони масъули вазорату идораҳои кишвар, ҳайати дипломатии муқими Душанбе ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Ин иқдоми Сафорати Руминия, ки ба муаррифии фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳани Руминия равона шуда буд, аз ҷониби иштирокдорон баланд арзёбӣ гардид.

Руминия дар ҷанубу шарқии Аврупо ҷойгир буда, яке аз кишварҳои калонтарини ин қора ба ҳисоб меравад ва аз ҷиҳати расму оин ва фарҳангу тамаддун бой аст. Дар ин кишвар, чун дар Тоҷикистон,  ҳунари кулолгарӣ дар деҳот маъруфияти зиёд дорад ва маҳсули дасти кулолгарон ҳар сол дар Ярмаркаи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ин ҷо доир мнегардад, ба намоиш гузошта мешавад. Гулдӯзиҳои мардуми румин бошанд, аз ҷиҳати рангу тоб чакани тоҷикиро, чанде пештар аз ҷониби ЮНЕСКО ба Руйхати мерооси ғайримодии ҷаҳонӣ шомсил гардид,  ба ёд меоранд.

Ин нахустин чорабинии фарҳангии Руминия дар Тоҷикистон ба шумор рафта, онро саҳми босазо дар рушди робитаҳои байнифарҳангии кишварҳоямон метавон унвон кард.

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

Моҳи июли соли 1992 бо истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Руминия заминаи сиёсӣ барои рушди робитаҳои гуногунсоҳа ва мутақобилан судманд гузошта шуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2017 ҷ-би Чезар Армяну мебошад.

 Бознашр аз Ховар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *