Нархи чипта 235 сомонӣ. Тафсилоти хатсайри Душанбе-Тошканд
Миёни Душанбе ва Тошканд хатсайри нави автобус ба фаъолият оғоз кард. Ин масир ҳафтае ду маротиба аз ҳар ду самт мусофиркашонӣ анҷом медиҳад.
Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, ҳаракати автобусҳо аз 25-уми феврал оғоз шуда, аз Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 13:00 ва аз Тошканд рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 17:00 ба роҳ мебароянд.
Давомнокии сафар дар ин масир тақрибан 15–17 соатро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни роҳ автобус дар шаҳраки Сариосиё таваққуф мекунад.
Гуфта мешавад, автобус бо ҷойҳои хоб муҷаҳҳаз буда, барои мусофирон шароити бароҳати сафар фароҳам меорад.
Нархи чипта 300 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 235 сомонӣ) муқаррар шудааст. Барои убури марз аз мусофирон шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад.
Интизор меравад, бо роҳандозии ин хатсайр равуои мардум миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон осонтар гардида, имкониятҳои сафар барои сокинон ва сайёҳон беҳтар шавад. Дар оянда вобаста ба талабот эҳтимоли зиёд шудани шумораи хатсайрҳо низ вуҷуд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ