Нависандаи бузург Саттор Турсун даргузашт

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун шоми 5-уми июн дар синни 77-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Маъракаи ҷанозаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун имрӯз, 6-уми июн вақти намози пешин дар Масҷиди марказии Душанбе ва маросими хайрбодӣ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов 3, рӯ ба рӯи Автовокзал (бинои нуҳошёна) баргузор мегардад.

Зиндагинома: 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оилаи деҳқон дида ба олам кушодааст. Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолият: Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи «Садои Шарқ» оғоз намуда, муддати бист сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунандаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст.

Солҳои 1990-1991 мудири шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Соли 1993 аввалин сухангӯи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳарчанд дар ин вазифа зиёд кор накард, вале нақшашро дар таъсиси ниҳоди мазкур дар Дастгоҳи иҷроия муҳим медонанд. Солҳои 1994-1997 сардабири маҷаллаи адабии русии «Памир» буд. Баъдан чанд соли дигар вазифаи сардабирии нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Баҳори Аҷам»-ро ба уҳда дошт.

Эҷодиёт: Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои «Камони Рустам», «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» (1976-1977), «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Пайғамбарзот» маъруф аст. Аввалин маҷмуаи ҳикояҳои ӯ бо номи «Дили гарм» соли 1971 рӯйи чопро дидааст ва ба дунболи он маҷмуаи дигари повесту ҳикояҳояш бо номи «Сукути қуллаҳо» интишор ёфт. Асарҳо ва китобҳои дигари нависанда — «Камони Рустам» (1976), «Аз субҳ то шом» (1979), «Дувоздаҳ ҳикоя» (барои бачаҳои синни калони мактабӣ” (1986), «Дарахти ҳазорсола» (1991), «Санг дар бағал ба тӯфон» (2002), «Чорбанди домангир» (2011) ва ғайра. Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст. Худи ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян дасти расо дорад. Асарҳои алоҳидаи В. Телпугов, И. Друтсе, А. Беляев, М. Левин, С. Хонзодян, М. Муродалиев, Э. Аъзамов ва дигар суханварони русу шӯравӣ, ҳикояҳои ҷудогонаи Ш. Андерсен, А. Ғаллоб ва Ӯ. Камолро ба тоҷикӣ гардондааст. Соли 1982 Киностудияи «Тоҷикфилм» дар заминаи «Камони Рустам» филми ҳунарии «Айёми туманҳои тобистон»-ро ба навор бардоштааст.

Қадршиносӣ: Ҷоизаи Комсомоли Ленини Тоҷикистон (1985); Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ; Нависандаи Халқии Тоҷикистон (1998); Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ифтихорномаи раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон; Ифтихорномаи Кумитаи Сулҳ, Медали биринҷии Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз даргузашти нависандаи маҳбуб андуҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *