Зодаи Осиёи Марказиро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд

Кормандони ФСБ-и Русия дар вилояти Уляновск як марди 51-солаи зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми маблағгузории созмони байналмилалии террористии «Катиба Тавҳид вал-Ҷиҳод», ки дар Русия мамнуъ аст, боздошт кардаанд.

Дар ин бора нашрияи «Татар новости”-и вилояти Уляновск хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҷиноятпеша ҳамчунин аз шаҳрвандии Русия маҳрум шуда, ба эҳтимоли зиёд ҳабси абад интизораш аст.

Тибқи иттилои хадамоти иктишофӣ, ин мард чанд маротиба тавассути яке аз системаҳои пардохтӣ ба корте, ки аз ҷониби аъзои МТО назорат мешавад, пул интиқол додааст. Ин маблағ барои харидани силоҳ, ғизо ва доруворӣ барои ҷангҷӯён дар Сурия сарф шудааст.

Дар бораи он, ки боздоштшуда зодаи кадом кишвар аст, чизе гуфта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *