Наворбардории филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» дар майдони Регистон

Филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» дар майдони Регистони шаҳри Самарқанд дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба навор гирифта мешавад.

Фирдавс Абдухолиқов, директори Агентии кинематографияи Ӯзбекистон дар ин бора иттилоъ дода, зикр намудааст, ки шоири ширинкалому хушбаёни лирикии форсу тоҷик Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ пас аз 20-солагӣ аз Ҳирот ба Самарқанд омада, аз олимони маъруф Қозизодаи Румӣ ва Файзуллои Абулайсӣ сабақ гирифт. Аз байн чандин сол сипарӣ шуд ва ӯ ҳамчун сухандону сухансанҷу суханпардози номдори форсу тоҷик ба бисёр навқаламон устодӣ кард.

— Яке аз шогирдони бовафо ва дӯсти арҷманду ҷонсӯзаш асосгузори адабиёти ӯзбек Алишер Навоӣ буд, ки бо тахаллуси Фонӣ ба тоҷикӣ менавишт. Эшон на танҳо дар Ҳирот, инчунин дар Самарқанд ҳамкорӣ ва суҳбати дилнишину самимӣ доштанд, ки дар филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон акс хоҳад ёфт,- қайд намудааст директори Агентии кинематографияи Ӯзбекистон.

Бино ба иттилои номбурда, дар майдони Регистон наворбардории филми муштараки коргардонҳои тоҷику ӯзбек ба наздикӣ оғоз хоҳад ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *