Ташрифи 12676 нафар сайёҳ ба шаҳри Исфара

Давоми шаш моҳи аввали соли равон 12676 нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ аз шаҳру деҳоти Исфара дидан намудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин давра сайёҳон асосан ба маконҳои таърихию фарҳангии «Ҳазрати Шоҳ», «Лангари моҳиён», «Қалъаи сурх», «Шимурғонбобо», мадрасаи Абдуллохон, осорхонаи кишваршиносӣ, осорхонаҳои ба номи А. Атобоев, ба номи Лутфулло Бузургзода, боғи истироҳатию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ва маркази истироҳатии «Ҷаҳони нав» ташриф овардаанд.

Инчунин, сафи бештари меҳмононро, ки ба Осоишгоҳи «Зумрад» ташриф овардаанд, сайёҳони табобатӣ ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи сайёҳон асосан ба сайёҳии солимгардонӣ, табобатӣ, пиёдагардӣ, агросайёҳӣ, саноатӣ, велотуризм ва мототуризм нигаронида шудааст.

— Маврид ба зикр аст, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *