Ҷумъабой Сангинов: Адолат байни Тоҷикистону Қирғизистон бояд барқарор шавад

Табиби маъруф Ҷумъабой Сангинов солҳои зиёд фаъолияти сиёсӣ ҳам дошт. Се навбат вакили Парлумони кишвар, муовини раиси вилояти Суғд, дар замони низоъҳо ва вазъи печидаи сарҳад байни Тоҷикистону Қирғзистон узви гуруҳи корӣ буд. Дар бисёр масъалаҳои марбут ба сарҳади байни Исфара ва Бодканд ошкорбаён буд ва ҳифзи манофеи миллиро ҳамеша дар мадди аввал мегузошт. Чанд рӯз пеш Ҷумъабой Сангинов 70-сола шуд. Инак, мо ба аёдати эшон омадем.

— Ҷумъабой Раҳматович, чанде пеш ба остонаи 70 қадам гузоштед. Шуморо аз номи ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва хонандагони он шодбош мегӯям. Зимнан, мавлуди худро чӣ тавр пешвоз гирифтед?

— Сипос ба шумо ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки маро ёд кардед. Нашрияи шуморо ҳамеша мутолиа мекунам. Солгарди зодрӯзро дар муҳити оила ва пайвандон ҷашн гирифтем. Ростӣ, гузашти синну сол — ин як марҳилаи муқаррарии зиндагии инсон аст. Бо гузашти солҳо шахс ба гузаштаи зиндагии худ нигариста, андеша мекунад: то куҷо ба мақсадҳо ноил шуд, чӣ мушкилӣ дошт, то кадом андоза корашро анҷом дод, ба кадом муваффақиятҳо ноил гашт, кадом кору кирдори шахс дар ҷомеа ва аҳли оила самаранок буд, дар оянда чӣ кор бояд кунад?! Бардошт аз зиндагӣ гуногун аст. Дар ҳаёт барои бартараф кардани мушкилиҳо кӯшиш кардам, талош намудам, ки муваффақиятҳо бештар бошанд.

— Шумо табиби варзида ва ҷарроҳ дар соҳаи саратоншиносӣ ҳастед. Каме дар бораи оилаи худ ҳарф занед. Фарзандон низ роҳи шуморо интихоб карданд?

— Рости гап, дар ин бора аз ман зиёд мепурсанд. Ҳамсарам низ табиб аст. Ӯ ба сифати гинеколог фаъолият дорад. Мо дар доираи фаъолияти духтурӣ зиёд марҳилаҳои зиндагиро бо ҳам паси сар намудем. Дар замони низоъҳои ҷанги шаҳрвандӣ сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе будам. Шароит вазнин буд, ягон рӯз аз шаҳри Душанбе дур нарафтаам. Ҳамеша дар хизмати мардум будем. Он замон фарзандонам калон буданд ва мушкилиҳои моро ҳассосона медиданду мушоҳида мекарданд.

Мо бо ҳамсарам соҳиби оилаи обод ва се фарзанд ҳастем. Ду писару як духтар дорем. Духтарам касби моро интихоб кард ва ҳоло дар ин самт фаъолият дорад.

— Имрӯз вазъи бемории саратон дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Мегӯянд, ки ҳоло ин беморӣ миёни наврасон ва занон бештар реша давондааст. Воқеият чист?

— Воқеан ҳам, дар Тоҷикистон гирифторони бемории саратон рӯ ба зиёдшавӣ аст. Мутаассифона, тайи даҳсолаҳои охир раванди муттасили болоравии гирифторшавии аҳолии ҷаҳон ба бемории саратон мушоҳида мешавад. Агар мо ба далелҳои аниқ рӯ орем, соли 2018 дар ҷаҳон 18 миллион нафар ба бемории саратон гирифтор шудаанд. Вале, аллакай соли 2022 гирифторшавии аҳолии ҷаҳон ба бемории саратон ба 20 миллион нафар расид. Нишондиҳандаи дигаре, ки барои кормандони соҳаи тандурустии ҷаҳон хеле ташвишовар аст, ин фавти бениҳоят зиёди беморони гирифтори саратон мебошад. Агар соли 2018 аз бемории саратон 9,8 миллион аҳолии ҷаҳон фавтида бошанд, пас соли 2021 ин рақам ба 11 миллион расид. Дар ин росто, гирифторони бемории саратон байни аҳолии Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш аст. Ҳарчанд, дар муқоиса ба кишварҳои Осиёи Марказӣ омори мо пасттар аст, вале сол ба сол бемории саратон афзоиш меёбад. Бо кӯшишҳои Вазорати тандурустӣ ва Маркази саратоншиносӣ тайи 10 соли охир мо имконият пайдо кардем, ки суръати болоравии фавти беморонро аз бемории саратон ба як дараҷаи муайян нигоҳ дорем.

— Аслан, шумо табиб, ҷарроҳ ҳастед. Вале як муддат ба сиёсат рӯ овардед. Чаро?

— Дар ҳақиқат, бо сабабҳои барои худам номуайян, замоне ки мудири шуъбаи беморхонаи ҷумҳуриявӣ дар Шаҳраки тиббӣ будам, пешниҳод шуд, ки сардории раёсати кадрҳоро дар Вазорати тандурустӣ ба уҳда гирам. Ин соли 1985 буд. Баъди андешаҳои зиёд ва бинобар сабаби набудани манзили истиқоматӣ пешниҳоди вазири  тандурустӣ шодравон Гулнора Пулотоваро қабул кардам. Муддати муайян дар сохторҳои соҳаи тандурустӣ ва сипас, ба ҳайси муовини ректори  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият доштам. Аслан, фаъолияти сиёсии ман аз соли 1999, замоне ки вакили Парлумон интихоб шудам, оғоз ёфт. Наздик ба 20 сол дар сиёсат будам ва то муовини раиси вилояти Суғд фаъолият кардам.

Ҳар корро огоҳона интихоб кардаам ва пушаймон нестам. Ба таври имкон тавонистам, ки рисолатамро иҷро кунам. Дар ҳамон солҳои бисёр мураккаб барои идораи соҳаи тандурустӣ, баъдтар барои идора кардани кадрҳои таҳсилоти олии тиббӣ ва ниҳоят таҳкими заминаи қонунгузори кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва ба роҳ мондани корҳои идеологӣ саҳм гирифтам. То кадом андоза ин фаъолият самаранок буд, мардум баҳогузорӣ мекунанд.

— Дар вақти муовини раиси вилояти Суғд будан, узви комиссия оид ба ҳалли масоили марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон будед. Он замон ҳамеша аз манофеи кишвар ҳарф мезадед. Ҳоло ҳам мавзӯи марзи Тоҷикистону Қирғизистон печида боқӣ мондааст. Нигоҳи шумо ба ин мавзуъ чист?

— Дар ин бора борҳо ақидаамро баён кардаам. Ин масъала хеле мураккаб аст. Баҳси марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ибтидои солҳои 2000 инҷониб идома дорад. Ҳамон замон гуруҳҳои корӣ байни ду кишвар таъсис ёфта буданд. Бо гузашти беш аз 20 сол мо метавонем хулосабарорӣ кунем, ки ин маъала ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст. Асли масъала чист? Ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-марзии соли 1924, ки аз тарафи мақомоти расмии Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карда шудааст, имрӯз мавҷуд аст. Дигар ягон санади қонуние, ки хати марзиву маъмурии байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро муайян кунад, вуҷуд надорад. Тарафи мо тӯли тамоми ҳамин ду даҳсола боисрор таъкид мекунанд, ки бояд хати марзии  Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи ҳуҷҷатҳои мавҷуда муайян шавад. Мутаассифона, тарафи Қирғизистон бо сабаҳои гуногун ин талаботро иҷро намекунад ва ба санадҳое такя кардан мехоҳад, ки заминаи ҳуқуқӣ надоранд.

Маълум аст, ки дар марҳилаи Иттифоқи Шӯравӣ ва баъди он Ҷумҳурии Қирғизистон давра ба давра ҳудудҳои муайяни расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои истифодаи дутарафа ба иҷора гирифта буд. Дар марҳилаҳои гуногун шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудудҳои ба иҷора гирифта, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар сохторҳо ва инфраструктураи таъиноти гуногун сохтаанд. Дар интиҳои парокандашавии давлати пуриқтидори Иттиҳодӣ Шӯравӣ тарафи Қирғизистон бидуни манфиати миллии мо яктарафа дар шӯрои олии худ санаде қабул кардааст, ки гӯё ҳудудҳои муайяни марзӣ ба тарафи Қирғизистон тааллуқ доранд, ки ин ғайриқонунӣ буда, зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, дар тамоми раванди гуфтушунидҳо бо исрор талаб мекардем, ки адолати ҳуқуқӣ дар муайян кардани хати марзии маъмурии Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд барқарор карда шавад. Яъне, ҳудудҳое, ки дар харитаҳои қонунии солҳои 1924 — 1927 нишон дода шудаанд, бояд барқарор карда шаванд. Вале, мутаассифона, дар Қирғизистон инро дарк намекунанд. Аз ин лиҳоз, масъала то охир ҳалли худро наёфтааст. Ҳарчанд аз марзи 950 км хати марзӣ-маъмурии мо, ки боиси баҳс қарор гирифтааст, қариб нисфи он — 519 км имрӯз муайян карда шудааст. Вале хати сарҳадӣ бо қабул накардани баъзе пешниҳодҳо аз тарафи Қирғизистон ба охир нарасидааст.

— Беҳтарин лаҳзаи зиндагиатон кадом аст?

— Тӯли фаъолият лаҳзаҳои хотирмони зиндагӣ зиёданд. Барои ман беҳтарин лаҳза ба даст овардани Истиқлолияти Тоҷикистон буд, ки ҳодисаи нодир аст. Иштирокам дар ҳаёти сиёсӣ ва такомули низоми қонунгузорӣ низ хотирмон мебошад. Дар ҳаёти шахсиям низ хотираҳои фаромӯшнашавандаи зиёд дорам. Хотирмонтарин лаҳза бароям ҳимояи кори докториам мебошад. Роҳи интихобкардаи ман дар заминаи фаъолияти тиббӣ, ба ҳам омадани фаъолияти илмӣ ва амалии тиббӣ имконият медиҳад, ки дар синну соли нафақа ба фаъолияти самарноки илмӣ ва амалияи тиббӣ машғул шуда, барои таҳкими заминаи илми тиб ва тайёр кардани кадрҳои соҳаи тиб корҳои муайянеро ба анҷом расонам.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *