Акнун энергетикаро Убайдуллозода назорат мекунад

Ғолиб Хонҷон қаблан муовини раиси Ширкати «Барқи тоҷик» буд, ки бо қарори роҳбари давлат аз ин вазифа барканор шуд.

Ба иттилои котиботи Президенти Тоҷикистон, рӯзи 5 март Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар “Барқи тоҷик” ҷобаҷогузории кадрҳоро анҷом дод.
Бо қарори Президент, Қурбонзода Абдулло аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи вазорат сабукдӯш шуд.
Бо як қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оида ба назорат дар соҳаи энергетика таъин шуд.

Ғолиб Хонҷон қаблан муовини раиси Ширкати «Барқи тоҷик» буд, ки бо қарори роҳбари давлат аз ин вазифа барканор шуд.
Қарори барканори Убайдуллозода дирӯз тасвиб шуд ва ҳамзамон қарори ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика таъин шудани ӯ ба имзо расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *