Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аввалин сокини Миррих баъд аз 8-9 сол пайдо мешавад?

Чӣ қадаре ки одамони зиёд ба Миррих парвоз кунанд ва дар Миррих таваллуд шаванд, барои инсоният хуб аст

Аввалин сокинони Миррих ки аз замин ба он ҷо мераванд, то соли 2030 дар Миррих пайдо мешаванд ва аввалин шаҳри Миррих, ки як миллион аҳолӣ дорад, соли 2100 пайдо хоҳад шуд. Ин пешгӯиро «РИА Новости» бо истинод ба муҳандис Роберт Зубрин хабар додааст. Зарубин президенти Ҷамъияти Миррих мебошад, ки ин як созмони ҷамъиятиест, ки ба кашфи сайёраи чорум таблиғот мебарад ва мусоидат мекунад. Коршинос боварӣ дорад, ки то соли 2026-28 киштиҳои кайҳонии Starship бо бор ё роботҳо ба Миррих парвоз мекунанд ва сохтмони пойгоҳи автоматикунонидашуда оғоз хоҳад ёфт. Барои сокинони ояндаи ин сайёра нерӯгоҳҳо ва системаҳои сӯзишворӣ лозиманд. Сохтмони онҳо то соли 2030 тӯл мекашад. То соли 2050 ҳазорҳо заминиён дар “Сайёраи Сурх” зиндагӣ хоҳанд кард, ки метавонанд инфраструктураи зарурии саноатӣ ва кишоварзиро ба вуҷуд оранд. «Чӣ қадаре ки одамон ба Миррих парвоз кунанд ва дар Миррих таваллуд шаванд, барои инсоният хуб аст», — гуфт коршинос. Вай қайд кард, ки заминиён бояд таваккал кунанд ва ҷои навро дар системаи офтобӣ азхуд кунанд. «Ҳеҷ чизи бузург ҳеҷ гоҳ бе ҷасорат ба даст наомадааст», мегуяд Зубри

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.