Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Бародарони ҷангӣ” ба Муҳаммадҷон медали Русияро супориданд

“Бародарони ҷангӣ” ба Муҳаммадҷон медали Русияро супориданд Фелдшери шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ»-и беморхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Ҳусейнов, ки ҳоло донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, аз ҷониби Намояндагии Ташкилоти умумироссиягии ҷамъиятии собиқадорон «Бародарони ҷангӣ» бо медали «Барои мубориза бо пандемия» қадрдонӣ гардид. Намояндаи «Бародарони ҷангӣ» дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳмад Давлатов ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рафта, дар вазъияти тантанавӣ медалро ба Муҳаммадҷон Ҳусейнов супорид. Зимни маросим иброз гардид, ки ӯ дар Тоҷикистон аввалин нафарест, ки бо ин гуна медал сарфароз гардонида мешавад. Хотиррасон мешавем, ки номи ин табиби ҷавон аввали моҳи май пас аз як муроҷиати видеоияш, ки аз табибони ҳозиқу меҳрубон ва ҷасур изҳори сипос намуда, ҳамзамон бо афсӯсу надомат аз духтуроне интиқод карда буд, ки дар рӯзҳои сахт беморонро ба ҳоли худ партофта, бо ҳар баҳона ҷои корашонро тарк намудаанд, вирди забонҳо гардид. 18 августи соли 2020 зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони соҳаи тандурустии мамлакат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба паҳншавӣ ва пайомадҳои бемории сироятии нави короновирус COVID-19 андешаронӣ карда, хизматҳои арзанда, шуҷоати табибон ва ҳамшираҳои шафқатро дар муассисаҳои тиббии мамлакат махсус зикр намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватанпарварию инсондӯстӣ нишон дода, садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд. Дар ҷараёни ҳамин мулоқот Пешвои миллат табиби ҷавонеро дар байни аҳли толор ҷӯё шуда, пайдо карданд ва назди баландгӯяк хостанд. Эҳсос карда мешуд, ки Сарвари давлат аз муроҷиати ин табиб ба риққат омадаанд. «Ман махсус хостам ин табибро ҳатман ба мукофоти давлатӣ пешбарӣ намоянд ва ба ин мулоқот даъват кунанд», — гуфтанд Пешвои миллат. Ҳамин тариқ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ҳусейнов бо медали «Шафқат» қадрдонӣ карда шуд. Мукофоти давлатиро Пешвои миллат шахсан ба ӯ супориданд. Пешвои миллат дар ин мулоқот ба шахсони масъул супориш дода буданд, ки ба ин табиби ҷавон, ки дар рӯзҳои сахт аз худ ҳисси баланди номус ва садоқат ба касб нишон дод, барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ ва соҳиби манзили истиқоматию ҷои кори муносиб шудан кумак кунанд. Имрӯз Муҳаммадҷон Ҳусейнов дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил мекунад ва соҳиби манзили истиқоматӣ низ гардидааст. Саидҷаъфар АШӮРЗОДА  

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.