Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боз як салафӣ зиндонӣ шуд

Ҳаитов ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати иштирокашон дар фаъолияти ин равия машғул шудааст.

Ҳаитов Абдуллоҳ Боймуротович аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2020 ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору фаъолият намуда, аз аъзоёни номаълуми равияи “Салафия” таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ карда, то инҷониб ҳамчун аъзои фаъоли равияи мазкур иштирок карда, ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати иштирокашон дар фаъолияти ин равия машғул шудааст.
Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳолат бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.
Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Ҳаитов А.Б. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шуд, гуфта мешавад дар хабари Маркази матбуотии Прокуратураи генералӣ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.