Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти Ӯктами Холиқназар

Ӯктами Холиқназар, яке аз парчамдорони эҳёи забону фарҳанги тоҷикӣ ва узви садорати созмони мардумии «Растохез», рӯзи 11-уми январ дар Душанбе даргузашт. Маросими видоъ рӯзи 12-уми январ баргузор хоҳад шуд. Ӯ 80 сол дошт.
Ӯктами Холиқназар узви нахустин Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ ва аз бунёдгузорони созмони «Пайванд» дар умури робита бо ҳамзабонони бурунмарзӣ буд.
Китоби «Мартен Иден»-и Ҷек Лондонро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, китобҳои «Ғалат менависем» ва «Рӯзноманигори озод”-ро навиштааст.
Китоби «Ғалат менависем» соли 2000 нашр шудааст. Муаллиф дар пешсухани китоб сабаби ба ин масъала рӯй овардани худро мегӯяд, «дарвоқеъ, ғалат гуфтан ва ғалат навиштан дар замони мо гӯё ба ҳукми қонун даромадааст. Ба истиснои ками андар кам ҳолатҳо, мо дар суханрониҳои арбоби сиёсат, аҳли илм ва гоҳе ҳам ҳатто дар суханрониҳои донишмандони риштаи забон ва адабиёт ва навиштаҳои соҳибқаламон муроот нашудани қоидаҳои сарфу наҳви забонро… мебинем.»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.