«Гастарбайтерҳои» хориҷӣ ба Тоҷикистон чӣ қадар зарар оварданд?

Бар хилофи қарори Ҳукумат дар бораи қоидаҳои додани кор ба хориҷиён, бархе аз шаҳрвандони берунӣ бидуни иҷозат ба кор қабул шудаанд, ки дар натиҷа ба буҷети давлатӣ 5,3 миллион сомонӣ маблағ ворид нашуд

Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар пайи як санҷиш мавориди зиёди эъзоми ғайриқонунии коргарони хориҷӣ ба кор дар ширкатҳоро ошкор кардааст. Аксари ин ширкатҳо чиниянд
Сулаймон Талбакзода, сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентӣ, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар пайи як санҷише, ки дар Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон анҷом шуд, чандин мавриди эъзоми ғайриқонунии коргарони хориҷӣ ба кор ошкор шуда, ҳазинаи ин зарар ба давлат қобили мулоҳиза аст.
“Муайян гардид, ки бар хилофи қарори Ҳукумат дар бораи қоидаҳои додани кор ба хориҷиён, бархе аз шаҳрвандони берунӣ бидуни иҷозат ба кор қабул шудаанд, ки дар натиҷа ба буҷети давлатӣ 5,3 миллион сомонӣ маблағ ворид нашуд”, — иттилоъ дод Сулаймон Талбакзода.
Тибқи иттилои Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аксари ин ширкатҳо чинӣ ва ё дар ҳамдастӣ бо чиниҳо дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Манбаъ афзуд, ширкатҳои назири “Покрут”, ки 1,3 миллион сомонӣ, “Синоҳидро Тоҷикистон” — 772 ҳазор, “Ҷунтай Моҳир Семент” — 7,2, филиали ширкати “Синзян Коммуникейшн Конструкшн груп” дар Тоҷикистон — 451,4, намояндагии ширкати “ТВЕА” дар Тоҷикистон — 96,9 ва “Ҷонг Фу” — 600,3 ҳазор сомонӣ маблағи буҷетро пардохт накардаанд.
Якеи дигар ширкати муҳандисӣ — сохтмонии эронӣ ба номи “Умрон Морун” аст, ки дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” машғули кор аст ва дар пайи ҷалби ғайриқонунии коргарон ба буҷаи Тоҷикистон 19,5 ҳазор сомонӣ маблағ напардохтааст.
Ин рӯйхат бо ширкати “Гушикай Лтд” хотима меёбад, ки дар муаррифиҳо тоҷикистонӣ гуфта шудааст ва 553,8 ҳазор сомонӣ қарздор аст.
Дар ҳамин ҳол, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи ин, ки ин ширкатҳо шаҳрвандони кадом кишвари хориҷиро ба чӣ теъдод ба кор ҷалб кардаанд, маълумоти бештар ироа накард.
“Спутник”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *