Иқдоми шаҳрдорӣ, ки пас аз як рӯз “тоҷикӣ” шуд…(хабарнигори Pressa.tj чиро дид?)

Ин субҳ ба автобуси  № 43 савор шудам, ки мисли дирӯза дар даромадгоҳи он курсанти милиса “посбонӣ” мекард. Дар яке аз нишастгоҳҳои пеш нишастаму ба мушоҳидаи кори корманди ояндаи ҳифзи ҳуқуқ шурӯъ кардам.

 Ӯ низ мисли ҳамкасби дирӯзааш аз одамон корт мепурсиду кортнадоштаҳоро вориди мусофирбар шудан намемонд. Аммо пас аз чанд дақиқа дидам, ки кори ӯ нисбати ҳамсабақи дирузааш нест ва гоҳ гоҳе  ба кирдори баъзе мусофирони “хира”чашм мепушад ва онҳое,ки  корт надоштанд, аз таги дасти  вай ба ронанда маблағ дароз мекарданд.

Курсант гӯё онҳоро намедид. Шояд ӯ бо ҳамин роҳ мехост ба одамон кумак кунад,аммо ҳеҷ намефаҳмид,ки ин кораш “хизмати хирсона” аст. Зеро мақсад аз иқдоми шаҳрдорӣ ва  Вазорати корҳои дохилӣ одат кунондани мусофирон ба тарзи хизматрасонии замонавист. Агар чунин намебуд, ҳоҷат ба саргардон кардани  донишҷӯёни Академияи милиса набуд.

Ҳамчунин, бо ин роҳ шояд ВКД мехоҳад милисаҳои оянда муносибат бо шаҳрвандонро омузанд ва ин  иқдом шоистаи таҳсин аст. Аммо агар милисаи оянда ба супориши додашуда аз руи виҷдон муносибат накунаду онро то охир иҷро нанамояд, дар оянда  бисёр қонуншиканиҳоро  пешгирӣ карда наметавонад. Баъзан гузашт кардан ба фоидаи қоидавайронкун аз руи раҳмдилӣ, ба зарари кор аст ва инро бояд корманди оянда дарк намояд.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки ба кори курсант на танҳо ман, балки  боз чанд ҷуфт чашмони дигар низ назорат мекарданд ва онҳое,ки ин  “чашмпушиҳоро” медиданд,шояд “мешудааст ку…” гӯён боз субҳи дигар бе корт вориди автобус шудан хоҳанд. Дар чунин ҳолат ин иқдоме,ки шаҳрдорӣ ва ВКД  пиёда кардаанд, бенатиҷа хоҳад монд. Пас, набояд ба ин роҳ дод ва мисли курсанте,ки дируз дар автобуси № 2 навбатдорӣ мекард,бояд гуфт: “Қоида барои ҳама як аст!”…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *