Javelin ҷудоиталабони Украинаро нест мекунад?

Агар Украина аз системаҳои зиддитанкии амрикоии Javelin («Найза») истифода кунад, ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск дар наздиктарин фурасат  нобуд карда мешаванд.

Игор Стрелков, вазири собиқи дифои Донетск  гуфт, ки агар ба онҳо Русия, ки василаи мубориза бо ин аслиҳа дорад, кумак накунад, ин ҳодиса  рӯй медиҳад. Вай тавзеҳ дод, ки ин силоҳ хеле дақиқ ва тавоно аст. Бар зидди вай ягон воситаи махсус нест.  

Дар сурати ҳамлаи нерӯҳои украинӣ бидуни кумаки сареъи Русия, ДНР ва ЛНР ҳарчӣ зудтар нобуд карда мешаванд ”гуфт Стрелков. Дар ҳамин ҳол, ӯ афзуд, ки ахиран истифода шудани Javelin  аз ҷониби низомиёни украинӣ омода будани Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба ҳамла ба ҷумҳуриҳои  худсохти ҷудоиталдаби ДНАр ва ЛНР-ро нишон медиҳад ва як ишора ба ҷониби Русия аст, ки дахолат накунад.

Онҳо як навъ Маскавро ҳушдор медиҳанд, ки вақте  онҳо дар Донбасс ба ҳуҷум мераванд, дахолат накунад, зеро онҳо чунин силоҳи  хеле ҷиддӣ доранд «, — гуфт Стрелков.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.