Коронавирус 5 миллионро кушт…

Шумори қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон ба зиёда аз 5 млн нафар расида, дар ҳамин ҳол, нисфи онҳо дар муддати камтар аз ҳашт моҳ фавтидаанд, хабар медиҳад Reuters.

Мувофиқи таҳлили хабаргузорӣ, ҳолатҳои марг аз коронавирус бо гузашти каме бештар аз як сол аз оғози пандемия ба 2,5 млн нафар расида, боз 2,5 млн нафари дигар дар муддати камтар аз ҳашт моҳ фавтидаанд.

Тибқи ҳисоби Reuters, беш аз нисфи маргҳо аз коронавирус дар саросари дунё, ки ба ҳисоби миёни давоми як ҳафта сабт шудааст, ба ИМА, Русия, Бразилия, Мексика ва Ҳиндустон рост меояд. Дар ҳамин ҳол, афзоиши сартосарӣ (глобалӣ)-и сатҳи  маргумир тайи ҳафтаҳои охир кам шудаст, менависад хабаргузорӣ.

Тайи ҳафтаи ахир дар саросари ҷаҳон ба ҳисоби миёна 8 ҳазор ҳолати марг ё худ 5 марг дар ҳар як дақиқа ба қайд гирифта шудааст. Лекин давоми ҳафтаҳои ахир сатҳи глобалии маргу мир поин рафтааст.

Гуфта мешавад, сатҳи баландтарини марг дар Африқои Ҷанубӣ сабт шудааст, ки 21% аз ҳамаи ҳолати марги сабтшуда ба он рост меояд. Дар идома Амрикои Шимолӣ ва Аврупои Шарқӣ қарор доранд, ки ба онҳо зиёда аз 14% аз ҳамаи маргҳо рост меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *