Президент: Медал нагиред, барнагардед

Президенти Беларус Александр Лукашенко ба варзишгарони кишвараш, ки дар Олимпиадаи тобистонаи Токио ширкат мекунанд ва то ҳол ягон медал ба даст наовардаанд, муроҷиат кард. Тавре агентии BelTA дар бораи ҳушдори худ иттилоъ медиҳад, ӯ гуфтааст: “Пеш аз он ки ба ҳайси сармураббиён, мушовирон, мутахассисон ба он ҷо равед, фикр кунед, ки оё ба он ҷо рафтан лозим аст? Зеро, агар шумо ба он ҷо ҳамчун сайёҳ равед ва бо чизе баргардед, пас беҳтар аст, ки ба кишвар барнагардед. Ман инро ба шумо ҳамчун президенти кишвар мегӯям, на роҳбари як созмони ҷамъиятӣ. Маро бифаҳмед, ки чӣ гуна мехоҳед» — иқтибос меорад агентӣ Лукашенкоро.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *