Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Маскав бекор шуд

Сафари Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон ба Русия, ки қарор буд 5 феврали соли равон сурат мегирад, бекор шудааст.

РИА Новости қаблан дар такя ба иттилои Илҳом Неъматов, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон навишта буд, сафари навбатии Шавкат Мирзиёев ба Маскав ба 5 феврали соли 2020 рост меояд.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия гуфт, ки сафари Шавкат Мирзиёев ба Маскав 5 феврал тамоман дар нақша нест. “ Ин маълумоти нодуруст аст. Бори дигар мегӯям, ки дар ин рӯз сафари Мирзиёев ба нақша гирифта нашудааст”-таъид дошт Песков, сухангӯи Владамир Путин.

Гуфта мешуд, ки зимни сафар Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои худ Владимир Путин мулоқот карда, муносибатҳои ду кишварро дар риштаҳои гуногун муҳокима мекарданд. Эҳтимол буд, ки дар ин сафар Шавкат Мирзиёев ворид шудани Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро низ дар миён мегузошт. Зеро ба андешаи таҳлилгарон, Президенти Русия Владимир Путин талош дорад, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро барои афзоиши нуфузи Маскав ва муқовимат ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО истифода кунад.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё беш аз 5 сол инҷониб фаъолият дошта, ҳоло 5 кишвар: Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизстонро фаро мегирад. Кишварҳои аъзо имкон доранд, ки вориду содироти молу коло ва қувваи кориро миёни худ бе мамониат таъмин намоянд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.