Президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе меояд

Бино ба маълумоти маркази матуботи раёсати ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 15 июн вориди Душанбе хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти раёсати ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 15 июн вориди Душанбе хоҳад шуд.

Ин манбаъ гуфтааст, қарор аст Президенти Ӯзбекистон дар нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Созмони Мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА) ширкат кунад.

 Нишасти сарони кишварҳои узви СВМДА рӯзҳои 14 ва 15 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуда ва дар он раҳбарони 12 кишвари ҷаҳон бо шумули Русия ширкат хоҳанд кард.

Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ сарвазирон, муовинони сарвазир ва вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар, аз ҷумла, Абдулло Абдулло, сарвазири Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт.

Ҳамчунин, дар ҳошияи ин нишаст мулоқотҳои дуҷонибаи Шавкат Мирзиёев бо раҳбарони кишварҳои хориҷӣ анҷом хоҳад шуд.

27 кишвар узвияти Созмони Мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА)-ро доранд, ки 90 дарсади ҳудуд ва аҳолии Осиёро ташкил медиҳад. Ҳашт кишвар ва панҷ созмони байналмилалӣ дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *