Э вой! Сел кушту хароб карду ба коми худ фурӯ бурд…

Бар асари сели шадид нимрӯзии 19 июл дар деҳаи Дашти Қозӣ ва чарогоҳи тобистонаи деҳаи Киштӯдак дар Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон ба ҳалокат расидаанд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Умеда Юсуфова, ба Радиои Озодӣ гуфт, то ин дам ҷасади 10 нафарро аз зери обу гил берун кашидаанд ва ҷустуҷӯи ду ҷасади дигар идома дорад.

Умеда Юсупова гуфт: “Тақрибан соати 15:30 боронҳои пай дар пай дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд фаромадани селро ба амал оварданд. Тибқи маълумоти пешакӣ дар натиҷаи офати табиӣ, обу лойқа қисман ба 15 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3 километр роҳи байни деҳаҳо зарар расонида, боис ба талафоти 35 сар чорво низ шуд”.

Хуршед Фозилов, хабарнигори муқими Панҷакент дар Фейсбук аз қавли Муҳаммадсодир Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент, хабар дод, ки ҳодиса тақрибан соатҳои 17 ба 18-и санаи 19 рух дода, дар пайи боришот сели азим омада, мардумеро, ки дар овул қарор доштанд, мебарад.

“То зӯҳри 20 июл ҷасади 10 нафар, ки аз деҳаи Киштӯдаки боло дар ин ҳодиса ҳалок шуданд, пайдо карда шуд ва онҳоро ба хок месупоранд. Кофтукови 2 нафари дигар давом дорад. Хисороти дигарро коммиссия ҳисоб карда истодааст. Ҳама ниҳодҳои марбута дар ҷои ҳодиса қарор доранд,”– гуфтааст Сафарзода.
Маҳкамбой Ҳалимов, котиби ҷамоати деҳоти Ёрӣ гуфт, танҳо дар деҳаи Вешист, 200 сар моли майда, 7 мошин, 9 сар моли калон, 1 пул ва 1 трансформаторро сел ба коми худ бурдааст.

Ба мардуми шарифи деҳаҳои аз сел зарар дида,ба онҳое, ки пайвандони худро аз даст додаанд, гурӯҳи эҷодии Pressa.tj ғамшарик буда, ба ишон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *