Судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даргузашт…

Темурзода Шамсиддин Сафар, судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шаби 31 июл дар синни 58 — солагӣ даргузашт. Нисфирӯзии 1 -уми август ӯро дар деҳаи Шарораи  шаҳри Ҳисор ба хок супурориданд.

Суди олии иқтисодии Тоҷикистон дар сомонаи худ ҳамдардӣ нашр кард ва дар он менависад, ки хабари марги як ҳамкораш кормандони додгоҳро ба «андӯҳи амиқ» таҳамул кардааст.

Раёсат «таъзияи самимӣ» изҳор карда, ба хонавода ва наздикони Темурзода сабри ҷамил хостааст, аммо дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе нагуфтаанд. Вале як манбаи портали хабарии Bomdod гуфтааст, ки Шамсиддин Темурзода дар беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Зарафшон аз бемории коронавирус табобат мегирад. «Ҳамагӣ 3 ё 4 рӯз пеш аз ин, вайро аз беморхона ҷавоб доданд, аммо шаби 1 август дар рагҳои хунаш лахтаи хун пайдо шуд ва Темурзода даргузашт», — гуфтааст манбаъ.

Шамсиддин Темурзода қаблан дар додгоҳи вилояти Хатлон кор мекард. Соли 2018 бо ордени Спитамен дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *