Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Техстрой” муҳоҷиронро 90 ҳазор рубл дода, ба Русия мебарад

Ширкат муваззаф шудааст, коргаронро бо ҷойи зист ва ҳангоми карантин бо хӯрок таъмин кунад.

Ширкати сохтмонии Русия “Техсторой” кормандони худро ба ҷустуҷӯйи коргарон ба Тоҷикистон фиристодааст.
Намояндагони “Техстрой” гуфтаанд, барои идомаи бинокорӣ дар Маскаву минтақаҳои дигар ба нерӯи корӣ ниёз ҳаст, вале коргари кофӣ нест.
Ҳоло тақрибан 15 намояндаи ширкати “Техстрой”-и Русия дар шаҳри Хуҷанд ҳастанд ва онҳоеро, ки нияти кор дар Русия доранд, сабт мекунанд. Онҳо гуфтанд, ба 1000 устои хиштзан, дуредгар, бетонкор, таъмиргари бино аз Тоҷикистон ниёз доранд.
Як масъули ширкати “Техстрой” гуфт, маоши коргарон аз 23 ҳазор рубл оғоз мешавад, вале онҳо барои роҳкиро ва гирифтани патент ба муҳоҷирон то 90 ҳазор рубл пешпардохт мекунанд. Илова ба ин, ба гуфтаи онҳо, ширкат муваззаф шудааст, коргаронро бо ҷойи зист ва ҳангоми карантин бо хӯрок таъмин кунад. Қарор аст, ин гуруҳи муҳоҷирон то моҳи май ба Русия рафта, ба кор сар кунанд. Масъулони ширкат мегӯянд, аз ин пеш 5 ҳазор муҳоҷири узбекро низ ба Русия бурда буданд. Николай Попов, раҳбари лоиҳаи “Техстрой” ба “Озодӣ гуфтааст: “Дар ҳолате ки коргар қоидаи шартномаро вайрон мекунад ё бо хоҳиши худ аз кор мерава ва бояд харҷи ширкатро пардозад. Баъди аз кор хориҷ шудан будубоши вай дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ шумурда мешавад.”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.