Умедворӣ: Ятимов ба сокинони Ворух чӣ гуфт?

Дар марз оромист. Сарҳадбонони қирғиз ба ронандаҳои тоҷик ҳатто хушомадед мегуфтанд.

Субҳи рӯзи дуюми май як ҳайати баландпояи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъси раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигарон барои мулоқоту вохӯрӣ бо сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ ба шаҳри Исфара омаданд. Мулоқоти ин ҳайат аз ҷамоати деҳоти Ворух идома ёфта дар Чоркӯҳ, Хоҷаи Аъло ва деҳаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома меёбад.
Саймуъмин Ятимов раиси КДАМ дар суҳбати бидуни сабт ба хабарнигорон гуфт, ки ҳадафи сафари онҳо шиносоӣ бо вазъи деҳаҳои наздисарҳадӣ ва мулоқот бо сокинон пас аз низоъҳои чандрӯза буд.
-Ҳадафи асосии мо даъвати мардум ба ҳамзистии осоишта аст. Ҳар чӣ буд, гузашт. Феълан бояд талош кунем, ки мардум дар осоиш ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд. Феълан мо тамоми нерӯҳои низомиро аз марзҳо бозхонд кардем. Низоъи мусаллаҳ дар марз хотима ёфт. Акнун кӯшиш мекунем, ки бандҳои созишнома зина ба зина иҷро шавад ва масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон хотима ёбад.- гуфт, раиси КДАМ ба хабарнигорон.
Ҳамчунин, Саймуъмин Ятимов изҳори умедворӣ кард, ки баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи гуфтугӯст ва роҳи ҳалли худро меёбад.
Сокинони ҷамоати деҳоти Ворух аз суҳбати мақомдорон бо рӯҳияи хуб берун шуда, дар суҳбат бо мо изҳори умедвории хешро изҳор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки феълан, вазъ дар марз ором аст.
Субҳи 2 май дар маркази шаҳри Исфара оромӣ ҳукмфармо буд. Саҳарӣ барвақт мағозаҳо дарҳои худро ба рӯйи мизоҷон боз карда, сокинон ба зиндагии маъмулии хеш идома медоданд. Мо аз маркази шаҳри Исфара ҷониби деҳаи Ворух, ки меҳвари баҳсҳои охир аст роҳ пеш гирифтем.
Роҳи Исфара Ворух боз аст. Корвони мошинҳо бемамониат аз маркази шаҳр ба ин деҳаи наздимарзӣ равуо доранд. Мошини мо низ ҷамоати деҳоти Сурх, ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, деҳаҳои Сомониёну Хоҷаи Аълои Тоҷикистон, деҳаҳои қирғизнишини Қарабоғу Оқсойро убур карда ба вориди Ворух шуд. Дар марз оромист. Сарҳадбонони қирғиз ба ронандаҳо ҳатто хушомадед мегуфтанд. Табиати атроф, боғҳои сарсабз, заминҳои муназзами шудгоршуда, мардуми машғули корро дар саҳро дида, кас гумон намекунад, ки чор рӯзи охир ин минтақа доғ ва маркази даргириҳо буд. Аммо хонаҳои сӯхта, техникаи шикаста ва иншооти вайроншуда аз даҳшати чор рӯзи охир шаҳодат медиҳад.
Дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ворух вақте мо ҳайати журналистон дар зери таблои Ворух акс мегирифтем, ҷавоне наздамон омада худро Муҳаммад муаррифь карда гуфт:
-Шумо журналистон хоҳиши мо Ворухиёнро ба гӯши ҷаҳониён расонед. Мо тоҷикон мардуми таҳаммулпазирем. Муроди мо ҳеҷ гоҳ ҷанг набуд ва нест. Мо маҷбур шудем, маҷбур шудем, ки аз заминамон дифо кунем. Хоҳиши асосии мо ин аст, ки масъалаи марз аз рӯйи адолат ҳал шавад. Ворухи моро аз кишвар ҷудо накунанд.
Воқеан, Ворух пайкари дардманди Тоҷикистон аст. Қазияи Ворух на як солу ду сол аст, ки идома дорад ва билохира, ин пораи Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон анклав эълон шуд. Ин сабаб гардид, ки дар марзи ду кишвар даргирь оғоз шавад ва қазияи Ворух қазияи тамоми Тоҷикистон шавад.
Дар рӯзҳои нооромӣ тақрибан 3 шабонарӯз мардуми Ворух ба қувваи барқ дастрасӣ надоштанд. Рӯзи гузашта хати барқ ба Ворух барқарор шуд.
Сардухтури беморхонаи Ворух Каримова дар суҳбат ба pressa.tj гуфт, ки дар муноқишаҳои чоррӯзаи марзӣ аз ҷамоати деҳоти Ворух 5 нафар ярадор шудаанд, ки вазъи саломатиашон муътадил мебошад.
Аз ҷамоати деҳоти Ворух як нафар, афсари Қушунҳои сарҳадӣ Меҳурӯзиддин Болтаев ба ҳалокат расидааст. Қиссаи Меҳрӯзиддини Диловарро аз забони падараш ба шумо нақл хоҳем кард. Интизори гузоришҳои нави мо бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *