Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зани истаравшанӣ шавҳарашро бо табар кушт

Зани 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як зани 40-соларо ба гумони қатли ҳамсараш боздошт кардааст

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зани 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

“Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 12-уми октябри соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, марди 54-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо табари хоҷагӣ 1-маротиба ба сараш задаст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.