Номгузории мактаби Ваҳдат ба номи сарбози ҳалокшуда дар муноқишаҳои марзӣ

Дар асоси дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба қадршиносӣ ва абадигардонии хотири фарзандони фидоии Ватан муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №150-и деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат ба номи сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Олимҷон Бутаев гузошта шуд.

Дар ин бора нашрияи “Садои мардум” хабар додааст.

Дар арафаи таҷлили 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи шаҳидони роҳи Ватан дар муассисаи мазкур чорабинии тантанавӣ низ баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, Олимҷон Бутаев соли 2002 дар деҳаи Мачитони ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, 16 сентябри соли 2022 дар муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷон бохтааст.

Қаблан, соли 2023 дар ҷамоати Кӯлканди шаҳри Исфара низ дар қатори чанд сарбози қурбоншудаи муноқишаҳои марзӣ кӯчаеро ба номи Олимҷон Бутаев гузошта буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *