Офат дар Панҷакент. Комиссия хисоротро муайян мекунад

Дирӯз, 23-юми апрел тахминан соати 18:10 дақиқа бар асари боришоти борон дар деҳаҳои Заврон ва Навободи шаҳри Панҷакент сел омадааст.

Бино бар иттилои маркази матбуоти раиси шаҳри Панҷакент, барои муайян ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ комиссия таъсис дода шудааст.Айни замон комиссияи махсус ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми зарар дар минтақаҳои зарардида сафарбар шудаанд.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ техникаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Панҷакент ва дигар ташкилоту корхонаҳо ҷудо гардида, ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент соати 18:40 дақиқаи 23 апрел таъмин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *