Охир ба дастӣ, малахак…
Рӯзи 8-уми апрели соли 2021, тахминан соати 00:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар ҳудуди деҳаи Наврӯз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саъдуллоев Баҳром, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Балхиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, шаҳрванд Саъдуллоев Баҳром ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидааст. Ронандаи номаълум бошад ҷои ҳодисаро тарк карда фирор намудааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Балхӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатияш 75 56 RK 01, Кулилов Давлатхуҷа, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Ахҷари ноҳияи Қубодиён, дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот давом дорад.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ