Ошкори беш аз 1,2 миллион кило маҳсулоти ғайристандартӣ

Соли 2025 аз тарафи мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт” 1 миллиону 228 ҳазору 546 кило маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои муовини якуми директори Агентӣ Раҳмоншо Мирзоён, ин шумора соли 2024-ум 1 миллиону 11 ҳазору 801 килоро ташкил медод.

Соли 2025 дар озмоишгоҳҳои Агентӣ 18 ҳазору 896 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 104 ҳазору 258 килограмм равғани растанӣ, 6769 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 12 ҳазору 305 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 31 ҳазору 59 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, 1939 килограмм консерва, 166 ҳазору 470 килограмм намак, 4323 килограмм меваи хушк, 6405 килограмм чой, какао, 51 ҳазору 915 килограмм орд, 255 ҳазору 153 килограмм маҳсулоти ғалладонагӣ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуда, аз муомилот гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *