Ошкори истифодаи зеҳни сунъӣ дар 100 кори илмӣ дар Тоҷикистон

Сайфиддин Давлатзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба журналистон гуфт, ки дар соли 2025 дар диссертатсияҳои олимони тоҷик ягон ҳолати асардуздӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале дар беш аз 100 кори илмӣ истифодаи зеҳни сунъӣ ошкор гаштааст.

Ба қавли Давлатзода, соли гузашта барои дарёфти дараҷаи илмӣ аз шуроҳои диссертатсионӣ ба КОА 602 кори илмӣ ворид шуда, аз ин шумора 568 диссертсия тасдиқ гардидааст: 78 доктори илм, 406 номзади илм ва 84 доктори фалсафа.

Комиссияи олии аттестатсионӣ соли 2025 ба 34 нафар унвони профессорӣ дода, 46 қарорҳои шуроҳои диссертатсиноӣ доир ба додани дараҷаҳои илмиро “бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи муқарраршуда” бекор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *