19 феврал-оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон
Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 19-уми феврал оғоз шуда, сокинони кишвар то 20-уми март рӯза мегиранд. Қарори мазкур 10-уми феврал дар ҷаласаи Шӯрои уламои Тоҷикистон қабул шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин қарор дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мувофиқи ҳисобҳои илмии гардиши моҳ қабул гардидааст. Дар Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои мусалмонӣ, оғози моҳи Рамазон тибқи навшавии моҳ муайян мешавад.
Ҳамчунин, Шӯрои уламо ҳаҷми фитри рӯза, фидяи савм ва нисоби закотро барои соли 2026 тасдиқ кардааст. Фитри рӯза барои ҳар нафар 7 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин маблағ нисбат ба соли гузашта як сомонӣ кам мебошад.
Нисоби закот имсол 64 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Шахсоне, ки ба ин миқдор ё бештар дороӣ доранд, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот пардохт кунанд. Дар соли гузашта нисоби закот 36 ҳазору 900 сомонӣ буд.
Фидяи савм барои шахсоне, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза гирифта наметавонанд, барои 30 рӯз 420 сомонӣ муайян шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.
Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим сабаби тағйирёбии маблағҳоро ба тағйири нархи тилло ва гандум рабт доданд. Ба гуфтаи онҳо, нисоби закот бо назардошти нархи тилло ҳисоб мешавад ва бо болоравии он, ҳаҷми закот низ афзоиш ёфтааст. Фитри рӯза ва фидяи савм бошад, вобаста ба нархи гандум муайян мешаванд ва бо арзон шудани гандум маблағи онҳо камтар шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ