Парда Қосим, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон 74-сола шуд

Парда Қосим овозхони классики тоҷик, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон соли 1947 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст ва дар ноҳияи Панҷи (собиқ Кировский) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воя расидааст. Парда Қосим аз хурдӣ бе падару модар монд, зеро онҳо дар ҷавонӣ ин дунёро тарк карданд.

Парда Қосим худро шогирди сарояндаи бузурги тоҷик — Зафар Нозим медонад. Парда Қосим аз замони шӯравӣ бо истеъдоди худ шӯҳрат дошт ва то ҳол маъруфияти хоссаро соҳиб аст.

Парда Қосим аксар вақт дар барномаҳои телевизионӣ ва чорабиниҳои ҳукуматӣ ҳунарнамоӣ мекунад .

Парда Қосим сурудҳои зиёд дорад, ки дар дили мардум ҷо шудаанд, вале аз ҳама таронаи машҳураш, ки худру бузурги кишвар медонанд ин сурурди «Тоҷикистон бо ҳама дору нодорат аз манӣ” аст.

Парда Қосим дар сурудҳояш ашъори шоирони муосир ва классикии тоҷикро ба мисли Мирзо Турсунзода, Лоик Шералӣ, Бозор Собир, Аюбӣ ва ғайра истифода мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *