Пардохти андоз вазифаи шаҳрвандист, закоти мол масъулияти бандагӣ назди Худованд

Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба як қатор саволҳои суолгузорандагон посух дод, ки беҳтаринҳояшро пешкаши хонандагони азиз месозем.

Абдураҳмон аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мегӯяд:

— Хоҳарам аз оила ҷудо шуда, таҳти сарпарастии бародар, яъне ман қарор дорад. Оё закотамро ба ӯ диҳам, мешавад?

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар шарҳи ин гуфта изҳор медорад, ки “хоҳар дар зери сарпарастии бародар бошад, бародар наметавонад ба ӯ закоташро бидиҳад. Аммо агар зери сарпарастии ӯ набошад, метавонад ба ӯ закот бидиҳад. Агар шумо бародарони дигар дошта бошед, ки хоҳаратон зери сарпарастии онҳо набошад ва онҳо соҳиби закот бошанд, пас метавонанд ба хоҳари худ закот бидиҳанд”.

— Зиёда аз даҳ сол пеш ман ба писархолаам қарз дода будам. Дар ин муддат ў қарзро барнагардонд ва дар ин бора чизе ҳам намегўяд. Якчанд сол пеш ўро ёдовар кардам. Ман хавф дорам, ки агар аз ў суол кунам, сабаби озурдагӣ байни хонаводаҳо мешавад. Оё ин маблағро барои закот ҳисоб кунам?,- мепурсад Камолиддин аз шаҳри Конибодом.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода чунин посух медиҳад:

— Бародари азиз, агар умеди пас гардонидани қарзатон вуҷуд дошта бошад, ҷоиз аст, ки ин маблағи қарзро дар закот ҳисоб кунед. Ин беҳтар аст.

Иброҳим аз шаҳри Истаравшан мепурсад, ки “агар ба воситаи телефон ё интернет ягон тиҷорат кунем ва пули он ба нисоб расад, аз он пул закот додан дуруст аст?”.

— Албатта, новобаста аз он ки дар куҷо фаъолият мекунед, маблағи шумо ба нисоб расида бошад, пардохти закот фарз мешавад. Аммо бояд бидонед, ки тиҷорати шумо дар интернет бояд дар доираи аҳкоми шариат бошад,- изҳор медорад Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.

— Ман ба нияти харидани хона маблағ ҷамъ карда истодаам. Оиладор ва соҳиби як фарзанд ҳастам. Қариб ду сол мешавад, ки дар ҳуҷраи иҷора зиндагӣ мекунем. Ба ман додани закот фарз аст ё на?,- суол мегузорад Парвиз аз шаҳри Душанбе.

Посухи Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба ин суол чунин аст:

— Агар маблағи ҷамъкардаи шумо ба ҳадди нисоб (35000 сомонӣ) расида, аз вақти расидани он як сол сипарӣ шуда бошад, дар ин сурат бар шумо закот додан воҷиб мешавад. Закоти имсола аз 35 ҳазор сомони 875 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Мирзо аз шаҳри Истаравшан савол додааст, ки “оё андозҳое, ки ба давлат месупорем, закот ҳисоб мешавад ё не?”.

— Бародари азиз, андоз, боҷи давлатӣ ва дигар масрафҳое, ки ба давлат месупоред, вазифаи шаҳрвандии шумост. Закоти мол бошад, масъулияти бандагиатон дар назди Худованд аст. Бинобар ин, андоз закот ҳисоб намешавад. Масорифи закот нафарони махсус ва мушаххас ҳастанд, ки Худованд дар ояти 60-уми сураи “Тавба” баён кардааст. Аз ин рў, бар шахси закотдиҳанда лозим аст, ки закоташро бо дасти худ ба ин нафарон пардохт намояд,- посух медиҳад Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *