Парвизҷон фаъолияташро дар ССКА 1948-и София идома медиҳад

Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев фаъолияти худро дар чемпионати Булғористон идома медиҳад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Умарбоев ҳамчун футболбози озод аз дастаи «Локомотив Пловдив», ки аз соли 2016 инҷониб дар ҳайати он бозӣ мекард, ба ССКА 1948 гузашт.

— Дар оғози мавсими нави чемпионати Булғористон бошгоҳи нави Парвизҷон Умарбоев дар се бозии анҷомдода панҷ имтиёз ба даст овард,- меафзояд манбаъ.

Бояд гуфт, ки Умарбоев аз соли 2015 дар тими миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 35 бозӣ гузаронида, муаллифи 7 гол шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *