Пешниҳоди Миронов. Аз манъи кор дар мактаб то рондани таксӣ барои муҳоҷирон
Дар Русия пешниҳод шудааст, ки муҳоҷирон дар мактабу беморхона, рондани таксӣ, фурӯши доруворӣ машғул нашаванд.
Ин пешниҳодро гурӯҳи вакилон таҳти сарварии раиси ҳизби “Справедливая Росия — За правду” Сергей Миронов ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд. Муаллифон ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи ба шаҳрвандони хориҷӣ манъ кардани кор дар муассисаҳои тиббӣ, дорухона ва мактабҳо”-ро пешниҳод намудаанд.
Дар лоиҳаи қонун манъи ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои зерин пешниҳод шудааст:
— расонидани кумаки тиббӣ дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ ва маъмурии низоми тандурустӣ;
— таълим дар мактаб (ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ);
— дар фурӯши чаканаи воситаҳои доруворӣ;
— таксии сабукрав ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ.
Гуфта мешавад, маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки вуруди муҳоҷирон ба Русия сол то сол меафзояд. Тибқи маълумоти Сарраёсат оид ба муҳоҷирати ВКД Русия, теъдоди хориҷиёне, ки худро ба қайд гузоштаанд, 26% афзуда, аз 13,4 млн нафар дар соли 2022 то ба 16,9 млн нафар дар соли 2023 расидаанд.
Аммо вакили Думаи давлатӣ Сергей Миронов бори аввал нест, ки бар зидди муҳоҷирон пешниҳодҳои ноқис мекунад. Ӯ қаблан ҷорӣ кардани визаро низ барои муҳоҷирон пешниҳод карда буд. Вале ягон пешниҳоди Миронов ва атрофиёнаш бар зидди муҳоҷирон дар Думаи давлатӣ қабул нашудааст. Ин далолат аз он медиҳад, пешниҳодҳои сиёсатмадори популисти рус Сергей Миронов, ки бо шиорҳои зидди муҳоҷирон ном баровардааст, қобили қабул нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ