Пирӯзии навраси тоҷик дар ҷашнвораи “Шоҳномахонӣ” дар Эрон

27 сентябри соли равон дар шаҳри Кирмоншоҳ маросими ҷамъбасти нахустин ҷашнвораи байналмилалии “Шоҳномахонӣ” баргузор шуд, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, дар бахши “Шоҳномахони ҷавони хориҷӣ”-и ин ҷашнвора Муқаддас Маҳкамзода – хонандаи синфи 3-юми мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ғолибият ба даст овард.

Аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар медиҳанд, ки Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханронӣ мақом ва манзалати бузурги “Шоҳнома”-ро дар таърихи ақвоми ориёӣ таъкид намуда, онро “донишномаи таърих, адабиёт, хираду ҳикмат ва фарҳангу тамаддуни ниёкон” номид, ки бо нубуғи адабӣ ва табъи яздонии Фирдавсӣ ба риштаи назм кашида шуд ва ба унвони шоҳкори адабиёти форсу тоҷик ва намунаи олии суханварӣ эътироф гардид.

Низомиддин Зоҳидӣ зарурати шинохти “Шоҳнома”-ро барои тақвияти худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихии ақвоми ориёӣ таъкид намуда, аз ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмуни ҳамасолаи “Шоҳномахонӣ” дар Тоҷикистон ва нақши ин ибтикор дар шинохти шоҳкори Фирдавсӣ ёдовар шуд.

Иштирокчиёни ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ хабари ибтикори дигари Пешвои миллат доир ба нашри “Шоҳнома” ва эҳдои он ба ҳар хонаводаи тоҷикистониро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд.

Дар ҷашнвораи Кирмоншоҳ дар баробари шоҳномахонҳои синну соли мухталиф аз кишварҳои гуногун, 5 нафар шоҳномахони ҷавон аз Тоҷикистон низ ба таври маҷозӣ ширкат варзиданд. Яке аз ин нафарон — Муқаддас Маҳкамзода дар номинаи “шоҳномахони ҷавони хориҷӣ” аз ҷониби ҳайати доварон ғолиб дониста шуд ва сазовари ҷоизаи ҷашнвора гардид. Ёдовар мешавем, ки Муқаддас Маҳкамова хонандаи синфи 3-и мактаб-интернати шаҳри Истаравшан буда, дастпарвари маҳфили  адабии “Гули сухан»-и назди “Фарҳангсароии Ориёӣ” мебошад, ки ба он шоири шинохта Раънои Зоирдухт сарварӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *