10 дарсади мушкилоти Толибон, чаро ҳал ношуданист?!

Сухангӯи Толибон* мегӯяд, феълан назорати марз бо Тоҷикистонро пурра ба дасти худ гирифтаанд.

Намояндаи расмии Ҷунбиши ҳаракати Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба РИА Новости бобати вазъият дар марзи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон суҳбат анҷом дод.

Ба гуфтаи Муҷоҳид, феълан назорати марз дар Туркманистону Эрон куллан ба дасти Толибон* Гузаштааст.

«Марзи Тоҷикистон, аниқтараш аз Бадахшон то Тахору Қундуз пурра ба тобеияти мо гузаштааст», — изҳор доштааст сухангӯи ин гурӯҳ.
Ҳамзамон, мусоҳиби РИА Новости илова намудааст, ки дар марзи Афғонистону Ӯзбекистон ба ҷуз аз Ҳайратону Калдор, ки ҳоло назорати онро Кобул дар даст дорад, дигар ҳама зери назорати Толибон* аст.

Аммо зикр бояд намуд, ки қаблан ҳам Толибон* аз забти ҳудуди 80 дарсади қаламрави Афғонистон хабар дода буданд, вале ҳукумати Кобул мегӯяд, ки даъвоҳои Толибон* ба воқеият рост намеоянд ва онҳо танҳо қисмати ками хоки ин сарзаминро зери назорати худ қарор додаанд.

То кунун дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон*, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, бар зидди шаҳрҳои калон ҳуҷум кардаанд, муқовимат идома дорад.

Дар ҳақиқат далели шайъӣ кадом аст? Агар толибон 90 дарсади Афғонистонро зери тасарруфи худ қарор дода бошанд, пас барои ба даст даровардани 10 дарсади он чӣ саддӣ роҳ шуда метавонад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *