Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кӣ ба Тоҷикистон хиёнат мекунад?

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”, — мегӯянд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин самт нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солим ба воя расонад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боиси сарбаландии падару модар мегардад ва нафъаш ба кишвар ҳатман мерасад. Равшан аст, ки тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оилаву ҷамъият ба шумор меравад. Ба ин масъала ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти пурғановати мо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шудааст.

Барои боз ҳам пурмасъултар шудани волидон ҳангоми тарбии фарзанд палатаҳои Парлумон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати кишвар тадбирҳо ҷуста, ба хулосае омаданд, ки қонуни алоҳидаеро дар ин маврид қабул намоянд ва ҳамин гуна дастури вижае бо номи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” рӯи кор омад. Имрӯз аксар калонсолон гуноҳи аз тарбия дур мондани насли наврасро дар симои омӯзгор меҷӯянд. Тибқи ин санад тарбияи фарзанд пурра аз рафтору муносибати волидон вобастагӣ дошта, омӯзгор танҳо барои мустаҳкам намудани ин тарбия нақш мебозад. Зеро тарбияи кӯдак нахуст аз оила маншаъ мегирад, чунки то синни шашсолагӣ кӯдак пурра таҳти назорати волидайн қарор доранд. Дар аксар маврид кӯдакон дар ин син дар боғча таҳсил менамоянд, вале ин ҳам маънои ба сари мураббӣ бор кардани гуноҳи аз тарбия дур мондани онҳоро надорад.

Равоншиносон ҳангоми пажӯҳиши давраи кӯдакӣ ба натиҷае расиданд, ки ин қишр то синни шашсолагӣ рафтори махсус доранд. Онҳо ҳар як ҳаракату амалеро, ки дар гирду атрофи худ мебинанд ё ҳар суханеро, ки аз калонсолон мешунавад, чун тӯтӣ ҳатман такрор мекунад. Барои ҳамин, онҳо тавсия медиҳанд, ки дар ин давр падару модар бояд кӯшиш кунанд, то ки бо кӯдак муносибати хуб намуда, ба ҳар як саволи додааш пурра ва мувофиқ ба ҷаҳонбинии ӯ ҷавоб диҳанд.

Рисолати асосии оила тавлиду тарбияи кӯдак аст. Имрӯз дар ҷомеа падару модареро вохӯрдан мумкин аст, ки нисбати таълиму тарбияи кӯдакони худ аз ҳад зиёд бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Кӯдакони даврони нав, ки пайвастагӣ аз технологияи иртиботиву интернетсаҳифаҳо доранд, аз ин муносибати сарди волидон сӯйистифода намуда, ба корҳои беҳудаву беманфиат даст мезананд. Ин амал ба генофонди миллат зарбаи ҳалокатовар мезанад. Чунки чунин кӯдакон аз хона гӯё бо мақсади таълим берун мешаванд, вале баъди дур шудан аз чашми волидон хати роҳи худро иваз намуда ба дигар ҷониб мераванд: интернеткафе, бозихона, дискоклуб, бар, калянхона, фоҳишахона ва дигар ҷойҳои мабаи бадахлоқӣ.

          Баъди тамом шудани рӯзи дарсӣ хонандагон ду-се соатро дар берун ба шӯхиҳои бемаъниву корхои ношоиста мегузаронанд ва бо ҳамин рӯзашонро “кӯр” карда, ҳатто аксар вақт нисфи шаб аз дари хона медароянд. Мутаассифона, падару модари чунин нафарон боре намепурсанд, ки ин муддат фарзандаш дар куҷо ва бо киҳо буду чӣ кор мекард? Чаро дер омад? Агар падар ё модаре (таъсири падар дар оила дигаргуна аст) як бор фарзандашро сарзаниш кунаду дар бораи ҳамин рӯзаш маълумот пурсад, ин амал дар рӯҳияи кӯдак маъсулиятро нисбати вақт бедор менамояд. Аммо кам волидоне пайдо мешаванд, ки бо мактаб робита дошта бошанду аз роҳбари синф оиди соати дарсиву таҳсили фарзандашон суҳбат кунанд.

Болотар зикр намудем, ки рисолати омӯзгор танҳо аз мустаҳкамтар намудани тарбияи волидон дар рӯҳияи кӯдак ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмии ӯ вобаста аст. Дар ин раванд дар дили кӯчаки кӯдак тухми муҳаббатро нисбати илму дониш месабзонад, вале нафари дигаре ҳам лозим аст, ки сари ҳар чанд вақт ба он тухм об резад то оянда ба дарахти азиме мубаддал шавад. Лекин дар бисёр маврид аз бетаваҷҷуҳии волидон ин тухм хушк шуда, фарзандон ба авбошони гузарову ҷинояткорони ашадӣ табдил меёбанд, ки ин хиёнати бузургест дар ҳаққи Тоҷикистон ва халқи азизи он.

Волидон бояд дарк кунанд, ки фарзанди онҳо идомадиҳандаи насли башар аст ва бо тарбияи нодурусти худ дидаву дониста ба ояндаи кишвару миллат хиёнат накунанд. Зеро таърих хиёнатро фаромӯш намекунад ва ин тоифа оилаҳо ҳатман дар ояндаи дур ё наздик ба ҷазои сазворашон мерасанд тимсоли модаре, ки ба хотири дидаву дониста манъ накардани фарзандаш аз дуздӣ писар гӯшашро бо даҳони худ газид. Пас, алҳазар аз чунин хиёнаткорон!

Мирсаид САТТОРИЁН

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.