Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Забоншиносии миллӣ ва таълимоти Пешвои миллат

(Андешаҳо оиди рисолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов. «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат»)

  Нигоштаҳои донишманди пухтакор, доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов  зери унвони «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат», « Ҷумҳурият», 5-октябри  соли 2020.№ 194-195 (24050) ҳадафмандона бо дарназардошти гиромӣ доштани забони  ноби модариамон дар заминаи татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатиамон рӯи кор омада, хизматҳои шоиста ва бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо собитсозиҳои илмӣ, аз назари фалсафию сиёсӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Нигоштаҳо хеле диқатназаронаву илмӣ асонок карда шудаанд, ки арзишмандии мавзӯъро ба маротиб боло бурда, бе баҳс  муҳимияти онро  собит сохтааст. Мутолиаи рисолаи пурарзиши С.Ятимов дидгоҳи хонандаро нисбат ба масоили мазкур вусъат бахшида масъулияти гиромидошти забони тоҷикиро дар партави нигоштаҳои  Пешвои миллат дар зеҳни бошандагони ҷомеа  тақвият медиҳад.

     Нигоштаҳои устоди меҳрубон дар рисолаи «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат», аз муқаддима, методи таърихӣ ва таҳқиқи масъалаҳои забоншиносӣ, сиёсат ва забон, забони модарӣ ва масъалаҳои худшиносии миллӣ, зиёиён ва масъалаҳои  забоншиносӣ, аҳамияти этимологияи забони тоҷикӣ ва муносибати он ба забонҳои англисӣ ва русӣ, хулоса ва охирсухан  иборат аст.

     Муаллиф дар ибтидо хонандаро ба муҳимияти масоил ошно намуда, ҳамагонро  водор менамояд, ки ҳар чӣ жарфтар ба умқи нишондод ҳадафмандона  раҳсипор  гардида, забонро  ҳамчун зуҳуроти ҷамъият, натиҷаи фаъолияти интелектуалӣ, вокуниши одам ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур маънидод намуда, бо далелҳои раднашавандаи  таърихӣ онро хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги миллат меҳисобад. Дар ин замина ёдрас гардидани он ки, забон «Дар тӯли таърих миллат  ба сахттарин муқоббилият ва гоҳҳо ҳатто тааррузи аҷнабиён ва душманони дохилии ҷонибдори бегонагон рӯ ба рӯ мегардад»ва ҳеҷ гоҳе асолату бузургии хешро гум накарданаш танҳо ба хотири ҷоннисориҳои бузургон ва сарсупурдагони ин миллат бо доштани моликияти зеҳнӣ дар радифи забони модарӣ бо ин бузургиву пурғановатӣ то давраи мо омада мерасад. Мо бояд аз ин додаи таърих  сипосгузор бошем ва дар навбати худ масъулияти озодаву беолоиш чун гаҳвараки чашм ҳифз, дифо ва парвариш намудани забони ноби тоҷикиро  дар мадди аввали фаъолиятамон гузорем. Хусусан дар шароити кунунӣ, дар замони ба ҳамоии тамаддунҳо ва таъсироти мухталифи ВАО, интернет ва дигар омилҳои таъсиррасон, мо бояд аз ҳарвақта дида ҳамаҷониба барои ҳифз ва асолати забони модариаамон пайваста кӯшиш намуда, дар баробари ин сунатҳои ҳазорсолаамонро низ фаромӯш насозем. Ба қавли Ардамеҳр: «Миллате, ки забони модариашро тавоно намесозад, пос намедорад ва азиз намешуморад, маҳкум ба завол ва пастист».

      Бо нишондоди муаллиф «Забони миллӣ вақте аз ин набард солим, бегазанд ва пурқувват бадар меояд, агар мардум, махсусан зиёиёни фидокор зарфият ва масъулияти ҳимояи манфиатҳои миллиро ба уҳда бигиранд ва амал кунанд».Ин масъулият ва вазифаи муҳими ҳар як фарди оддӣ ва тамоми масъулони давлат дар нигоҳдориву бақои ҳокимияти конститутсионӣ, арзишҳои миллӣ, маданият, дастовардҳои фарҳангӣ, адабиёт ва муҳим аз ҳама бегазанд нигахдории ин кохи муҳташам дар заминаи беолоишии забон, рушду такомули он нишонаи муҳими фаъолияти реалии бошандагони ҷомеа маҳсуб меёбад. Ин қарзи ватандорӣ ва номусу имондории ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

    Аз ин хотир нигоштаи  С.Ятимов  мавриди нақши бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонфидоӣ, суботкорӣ, ташаббус, кӯшишу ғайрат ва роҳандозиҳои мухталифи мусбӣ дар таърихи миллати тоҷик  беназир  арзёбӣ гардиданаш, бисёр олӣ ва муҷиби вақт ва дастгириҳост. Дар ин замина муаллиф  муътақид бар он аст, ки муҳимтарин арзишҳои инсонӣ дар шакли муошират ва ҷаҳонбинӣ ба воситаи забон ба миён омада, меъёри аслии беҳдошт ва рушди он, риояи қоидаҳои муошират, сунатҳои забони ноб ва адабии тоҷик, инчунин тафаккур ва рақобатпазирии забони тоҷикӣ бо аксари забонҳо мебошад. Аз ин хотир фард метавонад бо амалу ташабусҳои наҷиб, бо фаъолият ва сайъу кӯшишҳои пайваста ҷомеаро такон дода, боиси рушду нумӯ гардонад. Хушбахтона таърих чунин нобиғаҳоро барои миллати мо ҳадя намудааст. «Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллат тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мурракаб ва фоҷеабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ-таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард».

       Мусаллам аст, ки дар раванди таърихи зиёда аз ҳазорсолаи миллати тоҷик саҳми Президенти маҳбубу мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешидани тадбиру чораҳо, дар заминаи волоияти мақоми забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он хизматҳои пурарзиш намудаанд. Имрӯз эътироф гардидааст, ки хидматҳои беназиру бесобиқаи Пешвои миллат омили эҳёи забони тоҷикӣ гардида, маҳз бо талошҳо ва сайъи мақсадмандонаву дилсӯзона забони тоҷикиро ҳастии миллат хонда, онро олитарин муқаддасоти миллӣ эълон намуданд.

      Имрӯз ба ҳамагон возеҳу равшан аст, ки Пешвои муазами миллат зимни мулоқоту сӯҳбатҳояшон бо мардум бо забони шево ва ноби тоҷикӣ, ширину гуворо бо лаҳни хоссаву тоҷикона, оммафаҳмона ба тарзи олӣ суханронӣ  намуда, доимо ёдрас мешаванд, ки шинохт ва эҳёи асолати миллӣ вазифаи  муқаддаси ҳар фарди ба ору номуси  кишвар мебошад. Падарона таъкид менамоянд, ки забон омили пойдории ниҳоди давлат ва миллат буда, ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёад.

   Президенти кишвар зимни нигоштаҳояшон мавриди рушд ва густариши забони модарӣ хизматҳои арзанда намуда, мавриди таълифоташон дар китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», дар се ҷилд, солҳои 2002-2008; « Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006,        «Забони миллат-ҳастии миллат», 2016 зимни муайяннамоии  ҷодаҳои асосии такомули забон ва забоншиносии тоҷик нақши муассир ва бунёдӣ гузоштаанд. Муаллиф зимни таҳлил ва баррасии мавзӯи мазкур вобаста ба делел ва матракҳои (фактҳои) таърихӣ нисбати гиромидошти забони модарӣ ва арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ хизматҳои воқеан арзандаи  Пешвои муаззами миллатро  қайд намуда иброз медорад, ки; « Дар замони роҳбарӣ – давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи мардуми тоҷик забони модарии мо дар чунин манзалат намеистод ва истода ҳам наметавонист».

         Дар ин замина дар хотимаи муқаддима муҳтавои масълаҳои баҳси таҳқиқотро дар доираи рисолаи мазкур баррасӣ намуда аз ҷумла мефармоянд; «Дар таҳқиқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ, омилҳои иҷтимоии пайдоиш, ташаккул ва рушди забони модарӣ, муносибати забон ба сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, нақши он дар хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа, таъмини ваҳдат, амнияти миллӣ, забон ва ҳусни баёни адибони классик ва муосир мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифтаанд».

     Муаллиф дар қисмати «Методи таърихӣ ва таҳқиқи масъалаҳои забоншиносӣ» мавриди донистани таърихи забон ба факту рақамҳо ва далелҳои мустаманди таърихӣ рӯ оварда талошҳои пурарзиши Пешвои миллатро ҳамаҷониба шарҳ ва эзоҳ додааст, ки пур аз манфиат буда, ба нафъи гиромидошти забони ноби тоҷикӣ ва тамоми ворисону бошандагони ҷомеа мебошад. Мусалам аст, ки мақсади ҳама гуна омӯзишу таҳқиқ муайян намудани воқеият мебошад. Аз ин хотир дар тамоми нигоштаҳо ва таҳқиқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши осор, мақеъ, мазалат ва ҷойгоҳи  забони тоҷикӣ  методҳои гуногуни таърихӣ дар шакли муқоиса ва зуҳур самаранок истифода гардидаанд. Муаллифи рисола дар заминаи омӯзиши диқатназаронаи асарҳои Пешвои муаззами миллат дарки воқеият масоили  «мураккабтарин  падидаи олами ҳастӣ- забон»-ро вобаста ба заминаҳои рушду камолот, ки аз нигоштаҳои забардаст, таърихӣ ва нерумандии забон дарак медиҳанд, ба ҳамагон пешкаш менамояд. Барои тақвияти фикри хеш аз навиштаҳои ҳикматомӯзи  Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат иқтибос меоварад: « Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён, сипас дар дарбори Сомониён чун забони идораи давлату коргузории вазоратхонаҳо ривоҷ пайдо карда  буд». (Суханҳои  ҳикматомӯзи  Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. –Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017.- С.139)

      Барои тақвияти фикр ва исботи гуфтаҳо, муаллиф огоҳона нигоштааст; «Кӯшишҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз таъкиди бевоситаи дарки аҳамияти забони модарӣ оғоз мегардад. Сарвари тоҷикон ба ин масъала аз нигоҳи фарҳангӣ муносибат карда, назарияи худро нисбат ба масъалаи забоншиносии тоҷик бо истифода аз методи муқоисавию таърихӣ асоснок мекунад».

      Муаллифи рисола дар қисмати «Сиёсат ва забон»  мавқеи забонро дар равандҳои сиёсӣ маънидод намуда, забонро ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ пазируфта  онро ҳамчун хизматгузор ба табақаҳои ҷомеа шарҳ ва возеҳ менамояд. Дар ин замина осори гузашта собит месозад, ки зуҳуроти ҷамъиятӣ, дар баробари хосиятҳои умумӣ хосияти махсусро  низ дороӣ менамояд. Дар аксари ҳолатҳо ғосибон дар мулкҳои ишғолнамудаашон, сарфи назар аз майлу хоҳиши мардумони  таҳҷоӣ, ба хотири расидан ба мақсадҳои сиёсӣ таъсирот ба забон, фарҳанг, расму русум ва дигар маҷбуриятҳоро роҳандозӣ менамуданд. Дар ин равандҳо аҷнабиён на танҳо дар муковимати асосии неруҳои Ватанхоҳ балки дучори муқовимати аслии забон низ мегаштанд. Вобаста ба ин ҳолат  муаллифи  рисола бо ҷиддияти том иброз медорад, ки; « Дар ин шароит фарҳанг, забон, тарзи тафаккур, урфу одат ва рӯҳи ба он созгори тоҷикият, ки дар байни халқи тоҷик торафт решадор мегардад, ҳамчун идеяи сарҷамъкунанда ва ваҳдату ягонагӣ ба неруи воқеӣ мубаддал гардида, мардумро дар муқобили фарҳангу забони бодиянишинон қувват мебахшад».

     Таърих бозгӯи равандҳои печ дар печест, ки аҷнабиён бо шуҷоат, мардонагӣ ва рӯҳи шикастнопазири аҷдодони миллати тоҷик ва қудрати  забони модарии мо рӯ ба рӯ гашта шикаст хӯрдаанд. Дар ин замина онҳо маҷбур мегарданд, ки аз забони дарӣ –тоҷикӣ ҳамчун воситаи сиёсат истифода намоянд. « Мувофиқи ривояти ҳадисҳо, забони форсӣ дар ҳамон давраҳо ва зотан дар давраҳои сонитар ҳам, василаи муҳимми тарғиби дини ислом буд. Ба қавли Наршахӣ (асри Х) дар як масчиди Бухоро, ки соли 713 бино шуда буд, Қуръонро ба забони форсӣ қироат мекарданд». (Суханҳои  ҳикматомӯзи  Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. –Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017.- С.371) Муаллиф дар ин самт бо  таълимоти Пешвои миллат мавриди забоншиносии миллӣ  ҳамфикранд; «Роҳбари давлат ба қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ҳамеша арҷгузорӣ мекунад. Кӯшиш менамояд, ки хотираи  онҳоро ҷовидон гардонад.Тавассути овардани далелҳои таърихӣ ба ҳамватанон, махсусан зиёиён- шоирон, нависандагон, олимон, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муаллимони  мактабҳои оливу миёна, донишҷӯён, касоне, ки мансуб ба табақаи андешаву эҷод ҳастанд, маъниву мантиқи арзишҳои тоҷикиятро гаштаву баргашта ва возеҳу равшан фаҳмонад ва бузургони гузаштаи миллатро ҳамчун намунаи пайравӣ муаррифӣ намоянд:- Лозим ба ёдоварист, ки дар аҳди Сомониён Қуръони маҷид бо забони тоҷикӣ тарҷума гардида, мардум ибодатро ба забони модарӣ анҷом медоданд..,  Ин нишони эҳтироми бепоёни мардум ба асолат ва забони модарӣ ва кӯшишҳои халқи тоҷик барои ҳифзи забон ва суннатҳои ниёгон буд». (Суханҳои  ҳикматомӯзи  Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. –Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017.- С.163) Мақсад аз овардани далелҳои таърихӣ аз ҷониби муаллиф  аз нигоштаҳои Пешвои муаззами миллат дар он аст, ки дар он давраҳои бисёр вазнин ва саҳфаҳои пурпечутоби таърих ҳаммиллатони мо тавонистанд забони ширину шевои тоҷикиро  хифзу  дифо намуда, паи густариш ва беолоишии он заҳматҳои зиёд ба сомон расонида, мубориза бурданд ва дар он набардҳои сиёсӣ дастболо низ гардидаанд.Месазад, ки ворисони ин забони бузургу оламгир имрӯз ва фардо ва дар оянда низ паи густаришу ҳифзи забон, бузургии иқтидори  илмиву луғавии он, инчунин мавриди таъмин намудани пешрафти муназзами он пайваста фаъолият намоем.Ин забон бо ин зебогию шево, бо ин равонияту бузургӣ  боз ниёз ба сайқал додани фарҳанги муошират, мусоидат намудан ба риояи меъёрҳои забони адабии тоҷик ва одоби сухангӯӣ ҳамчун раванди муҳими инкишоф бояд мавриди назари тамоми муттасадиён ва ворисони хеш бошад.

    Олими шинохтаи тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон мавриди бузургӣ ва нодирияти таърихи забони миллат чунин менависад; «Агар ба таърихи забони модарии мо назар афканем, воқеан, ин ёдгории таърихӣ ва решаҳои бунёди он сарчашмаи бисёр забонҳои  дигари дунёст. Замоне онро ориёӣ, замоне авестоӣ, сипас бохтариву суғдӣ, баъдан паҳлавӣ ва билохира, форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ хондаанд. Замоне ин забон дар қатори забонҳои чинию ҳинду бобулӣ ба тамаддунҳои гуногун таъсир дошт, махсусан, ба Юнони Қадим. Нақши пойи вожаҳои ин забонро Куруши Кабир, Дориёюш, Ҳашиёршоҳ ва Ардашер то ба ҷануби Юнон бурда буданд. Ҳатто имрӯз ҳам садои пойи вожаи «боракалло»-и мо дар тамоми Юнон гӯшрас аст».( Муҳаммад Абдураҳмон. Инсон, сиёсат ва ҷомеа. Душанбе – 2018. С. 86) Арзанда аст, ки ворисони имрӯзаи забони тоҷикӣ он муқаддасоти нодирро ҳифз ва бегазанд нигоҳдорӣ ва парвариш дода, густариш диҳанд. Зеро ин забони модарии мо буда, нишона аз барҷастагии фарҳанг, адабиёт, суннатҳо ва ифтихори миллии мо шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ риояи қонуни забони тоҷикӣ барои хурду калони миллат ва тамомоми бошандагони кишвари азизи мо  ҳатмист.

    Муаллиф дар қисмати навбатии рисола, «Забони модарӣ ва масъалаҳои худшиносии миллӣ» таваҷҷуҳи хонандаро  ба яке аз мақсадҳои меҳварии  Роҳбари давлат дар заминаи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ  сохтани давлати миллӣ равона менамояд. Вазъи лаҳзаҳои авали кории роҳбари тозаинтихоб бисёр гарону душвор ва пешгӯинашаванда буд. Мамлакат ҷангзадаву мардум ба фардои неки хеш боварӣ надошт. «Азм  ва  иқдомоти  гуногунҷабҳаи мушкил  ба қутбнамо ва меҳроби  ягонаи маънавию мафкуравӣ ниёз дошт.Мардумро мебоист ба орзуву мақсад, ба рӯшноие дар зулмот, ба соҳиле дар уқёнуси пурталотуми тақдир раҳнамун  сохт  ва сафарбар кард. Бовар кунонидани халқ ба асолати хеш, эҳсоси масъулияти бузург дар назди таърих, фарҳанг ва тамаддуни гузашта ва арҷгузорӣ ба онҳо аз муҳимтарин вазифаҳое буд, ки Роҳбари давлат онро боисрор ва пайгирона таъкид мекард. Дар ин маврид, забони модарӣ- забони тоҷикӣ нақди барҷастаи яқин  барои  муътақид кардани мардум ба асолати хеш буд».Хизмати Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди волоияти мақоми забони тоҷиқӣ ва поку бегазанд  нигоҳ доштани он бассо арзанда ва ғамхорона аст. Зимни мулоқоту суханрониҳояшон, ба аҳли  зиё доимо таъкид менамоянд, ки шинохт ва гиромидошти забон вазифаи муқаддаси мост. Онро муҳимтарин омили пойдории давлати миллӣ ва инкишофу рушди давлат ҳисобидаанд. Забони миллиро  рамзи истиқлолияти давлатӣ  шуморида, бо арҷгузорӣ ба ин арзиши волои миллӣ таҷлили ҳамасолаи Рӯзи забони давлатиро  эълон намуда, онро ба Феҳристи ҷашнҳои миллӣ дохил карда, ғамхорӣ нисбат ба онро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ҳисобидаанд.

      Пешвои миллат бо самимияти хоса таъкид доштанд: «Барои таҳкими истиқлоли фарҳангии кишвар бояд пеш аз ҳама пояҳои забони миллӣ устувор ва мустаҳкам карда шаванд. Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони  илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илми муосир, ба вуҷуд оварда шавад».

      Қисмати дигари рисола бо номи «Зиёиён ва масъалаҳои  забоншиносӣ» мавриди таҳлил ва назарсанҷӣ қарор дода шудааст. Дар ин ҷода нақши  олимон, зиёиён, шоиру нависандагон, муттафаккирон сиёсатмадорон дар таълимоти Пешвои миллат аз давраҳои қадим, асрҳои миёна, замони нав ва муосир бо ифтихор ва қадршиносӣ ба қалам дода шудааст, ки саршор аз муҳаббат ва аҳамият мебошад. Дар ин замина муаллиф  бо андешаҳои миллии созанда ва ватанхоҳона  ақидаҳои Пешвои миллатро ба хонанда пешкаш менамояд; «Аз таълимоти Сарвари давлат бар меояд, ки фард дар замони худ ҳамон вақт узви фаъоли муносиботи ҷамъиятӣ шуда метавонад, ки аз лиҳози объективӣ ҷонибдори асили манфиатҳои миллӣ бошад ва аз лиҳози субъективӣ – ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ва муҳокимаронӣ аз худ амалҳои созгор ба рушди миллӣ нишон диҳад».

   Муаллифи рисола таърихи забонро- таърихи тафаккури инсон меҳисобад. Дар ин замина мавриди шаклҳои рушди тафаккури инсон аз сода ба мураккаб, ки асоси дарки воқеият  мебошад, аз шароитҳои иҷтимоӣ  ва имконоти фарди соҳибшуур вобастагӣ дорад. Маҳз ҳамин омил  асоси  сарчашмаи рушди забон маҳсуб меёбад. Аз ин хотир муаллифи рисола ҳамин таҳаввулоти диалектикиро аз нигоштаҳои Пешвои миллат тавассути ба эътибор гирифтани хусусиятҳои диалектикии забони модарӣ таъкид мекунад: «Қонунияти инкишофи забон чунин аст, ки вай, мисли як ҷисми зинда, бояд ба маҷрои зиндагӣ – таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мутобиқ шуда, имконоти ифодаи мазмунҳои тоза ва талаботи мардумро дошта бошад. Яъне калимаву истилоҳотро, ки дар олами ихтирооту кашфиёт ва иқтисодиёту техника падид меоянд, дар худ ғунчонида тавонад ва ҳамзамон асолати миллиашро гум накунад». (Суханҳои  ҳикматомӯзи  Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. –Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017.- С.157-158).

       Пешвои миллат на танҳо ҷонибдори асили неруманд гардонидани забони модарӣ тавассути ба он ворид намудани истиллоҳ, маҳфум, маъно ва мантиқи илмӣ аст, балкӣ ҳамчун як тан фидоӣ ва вориси содиқи забони миллат ин масоилро  масъулияти муҳими сиёсати давлат меҳисобад. Мусаллам аст, ки Роҳбари давлат ба хотири инкишофи забони модарӣ дар назди олимон, зиёиён ва аҳли фарҳанг фазифаҳои мушахас, аз қабили густариши забон, таҳикиму мақоми он, суфта ва ғанитар намудани забон, оммафаҳм намудани забони нашрияҳо, сифатан беҳ намудани китобҳои дарсӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират ва риояву густариши забони матбуотро ҳамчун тадбирҳои саривақтии нигоҳдории забони давлатӣ ва инкишфу рушди он шуморида, пайваста мавриди таваҷуҳ ва назарбинӣ қарор додааст.

     Муаллиф мавриди ёдоварии ҷанги таҳмилии солҳои навадум ба сари миллат омада бо таасуф онро фоҷеаи миллат ҳисобида таъсироти манфии онро  ба тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, аз ҷумла ба илму маориф ҷуброннопазир  иброз  намудааст. Дар ин ҷода дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилотҳои зиёде пеш омаданд, ки яке аз онҳо норасогиҳои маводҳои таълимӣ ва костагиҳо дар забони нашри маводҳо буданд, ки ба тарбияи насли наврас таъсиргузори манфӣ буд. Ин раванд метавонист оқибатҳои ногуворро дар ҷомеа ба миён оварда, монеаҳои ҷиддиро тавлид созад. Аз ин хотир, ибрози ақидаи муаллиф мавриди инкишоф ва рушди ҷомеа маҳз аз мактаб вобаста аст; «Мактаб пойдевори аслии давлат ва амнияти миллӣ аст. Устувории бинои давлат аз мундариҷа, муҳтаво, сифати барнома ва восоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ ба сохти конститутсионӣ шарти ҳаётан муҳими суботи низоми сиёсии мамлакат аст». Рӯ овардан ба мактабу маориф  ва адабиёту фарҳанг, муқаддас доштани забон калиди ганҷи мувафаққият ва музафариятҳост.Дар навати худ он василаи таъминкунандаи амну осоиш ва иртибот дар ҷомеа аст.Зеро таърихи ҳазорсолаҳои адабиёт ва осори гузашти ин миллат инъикоскунандаи тафаккури пешқадами миллати тоҷик буда, на танҳо ба мо, балки ба оламиён хизматгузор аст.

        Дар қисмати рисолаи «Зиёиён ва масъалаҳои забоншиносӣ» аз тарафи муллиф бо дарназардошт ва шарҳи ақидаҳои  Пешвои миллат оиди мавзӯҳои адабиёти бадеӣ, мундариҷа, моҳият ва забону услуби шоирону нависандагон диқати ҷиддӣ дода шудааст. Хулосаи гуфтаҳои боло дар китоби Пешвои миллат «Чеҳраҳои мондагор» асоси илмии хешро дар заминаи фаъолияти зиёиён мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта, афзалиятҳо ҳамчун намунаи олии хислатҳои ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, меҳру садоқат ба Ватан, ба гиромидошти забони модарӣ мақсадмандона ба хотири имрӯз ва фардои неки бошандагон баён гардида, аз тарафи муаллиф махсус қайд карда мешавад, ки аҳамияти асосии таълимот Пешвои миллат дар омӯзиши масъалаҳои забоншиносии миллӣ мебошад. Аз ин хотир муаллифи рисола дар ҷамъбасти қисмати мазкур  мавриди таълимоти Роҳбари давлат оид ба забони тоҷикӣ ҳамчун далели зиндаи қадимӣ будани миллат ва шаҳсутуни давлатдории миллӣ бо тавсифоти оқилона диқкати хонандаро ба ин нодиртарин бозёфт, ҳамчу ташаббуси олӣ мавриди қадрдонӣ ва қадршиносии бузургон равона менамояд.

         Дар ҷамъасти қисмати охири  ин банд муаллиф бо дарназардошти ҳидоятҳои Роҳбари давлат оқилона пешниҳод менамояд, ки; «Зиёиён вазифадоранд, ки бо такя ба таърихи ташаккул ва рушди афкори пешқадами миллӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо, дар шароити тираву тори асримиёнагӣ, фишорҳо ва вобастагии сиёсӣ ба даст овардаанд, бо заҳмати ватандӯстонаи худ ин анъанаҳоро на танҳо омӯзанд, балки ташаббускори пешрафти ҷаҳонбинии миллӣ дар шароити навини таърихӣ – замони истиқлол бошанд».

        Дар рисолаи илмии Саймумин Ятимов «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат», қисмати «Аҳамияти этимологияи забони тоҷикӣ ва муносибати он ба забонҳои англисӣ ва русӣ» ҷойгоҳи махсусро ишғол намудааст. Дар ин раванд таълимоти Пешвои миллат тамоми паҳлӯҳои омӯзиши илмии пайдоиш ва инкишофи забонро дар бар мегирад. Мусалам аст, ки забони модарии мо новобаста аз таъсиротҳои мухталиф мавкеъ ва нақши худро коста накарда, бегазанд дар фаъолият аст. Дар ин замина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қудратмандии забони модарӣ таъкид месозанд: «Забони мо дар тӯли садсолаҳо аз баҳри Миёназамин то Ҳинду Чин ҳамчун забони муоширати байни халқҳои гуногун хизмат намуда, дар осори хаттии онҳо ҳам нақши зиёде гузоштааст. Ин ҳақиқати таърихӣ мебошад». (Суханҳои  ҳикматомӯзи  Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. –Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017.- С.162).

     Чуноне аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд, забони тоҷикиро дар Осиёи Миёна, Мовароунаҳр ва қисмати шимолии Эрон мавриди истифода қарор  медиҳанд. Дар ин бора олимон Е.С.Бертелс, В.И.Абаев, Б.Ғафуров, К.Г.Залеман ва дигарон таҳқикотҳои мухталиф гузаронида  мавқеи забони тоҷикиро  дар паҳноҳои бузурги ҷуғрофӣ муайян намудаанд.Муаллифи рисола С.Ятимов дар ин қисмат такят ба омӯзишҳои реалии илмӣ намуда моҳияти таърихиву фарҳангии забони тоҷикиро дар назарияҳои пешниҳоднамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се қисмат ҷудо намудааст, ки хеле аҳамиятнок мебошад;

  1. Масъалаи этногенетикии забони модарӣ ва сарчашмаҳои асосии ташаккули он.
  2. Истифодаи характери миллӣ, таҷассуми халқ ҳамчун шахсият бо такя ба зуҳуроти забонӣ, ҷараёнҳои забонӣ, маводҳои забонӣ, далелҳои забонӣ.
  3. Забони модарӣ дар муносибати байни миллатҳо ва таъсири мутақобилаи онон.

    Вобаста ба ин муаллифи рисола бо далелҳои раднопазир ва таҳлилҳои холисона муайян месозад, ки чӣ гуна забони модарии мо дар «бурриши  якдигарии забонҳо» ҳувияти хешро нигоҳ дошта, ба дигар забонҳои дунё таъсир расонида вориди муносибат  гаштааст. Олимону донишмандон  зимни омӯзишу баррасиҳои таърихи забони тоҷикӣ маводҳои дигари забонҳои эронӣ, ҳиндуаврупоӣ ва далелҳои гуфтугузори гуногуни тоҷикиро дар миқёси ҷуғрофияҳои гуногун пайдо намудаанд.Забони тоҷикӣ бо дигар забонҳо аз ҷумла бо забонҳои русӣ, немисӣ ва англисӣ қаробат ва умумият дорад. Дар ин замина аз тарафи муаллиф мавриди ҳамреша ва ҳаммаъно будан ва хосияти пурраи этимологӣ доштани калимаҳои  забони тоҷикӣ, ки дар гуфтугӯи мардумон бо забонҳои англисӣ ва русӣ истифода мегарданд, бисёр делел ва матракҳо  гирд оварда шудаанд, ки аҳамияти илмӣ ва омӯзишӣ дошта, аз муҳабати бепоёни муаллиф  нисбати забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.

    Чуноне болотар иброз намудем, забони тоҷикӣ таърихи бойю рангин, тӯлонӣ ва арзишмандеро молик аст. Муҳаққиқон таърихи пайдоиш ва мавҷудияти забони форсӣ — тоҷикиро ба се давра ҷудо  намудаанд:

    1. Давраи қадима (аз аҳди қадим то асрҳои I — III  пеш аз мелод) Осори ин давра бо хатти мехӣ асос ёфта буд.

     2. Давраи миёнаи забони тоҷикӣ ( асри III — пеш аз мелод то асрҳои УI  — УII мелодӣ)

     3. Давраи нави забони тоҷикӣ аз асрҳои УIII — IХ мелодӣ  то замони мо идома ёфтаистодааст.

     Донистани таърихи забони тоҷикӣ  вазифа ва  масъулияти олимону зиёиён, омӯзгорону толибилмон ва масъулон ба ҳисоб рафта, риояи қонуни забони давлатӣ вазифаи ҷонии тамоми сокинони кишвари азиз ба ҳисоб меравад. Зеро, дар маҷмӯъ забон ҳамчун муҳимтарин воситаи муоширати байни одамон омили заруртарини рушд ба ҳисоб рафта, бошандагони ҷомеа  пеш аз ҳама тавассути донистани забони модарии хеш, роҳҳои иртиботиро барои омӯзишу дарки дигар забонҳо дар заминаи пайванд ва ҳамгироӣ, барои омӯхтани дигар забонҳо шароит пайдо менамоем. Яъне, ҳар кас аввал забони модарии хешро ҳаматарафа  омӯхта, сипас метавонад рӯй ба омӯзиши забонҳои ҷаҳонӣ бипардозад. Агар ин раванд бараъкс сурат бигирад, пас муҳтавои аслии шахс, инсон бе мавҷудияти ифтихороти миллӣ, ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ ба миён омада, ифтихори забондории миллӣ ва давлатдории миллӣ аз байн рафта, ҳаёти реалии ҷомеа дур аз мантиқ ва яке аз муқаддасотҳои нодир- завол ёфтани забони модарӣ  ба миён меояд.

       Муаллиф дар заминаи ҷамъбасти фикр, дар қисмати хулосаи рисолаи хеш, масъалаи забоншиносии тоҷикро дар таълимоти Пешвои миллат мавриди рушд ва мавқеъгирии таърихи забон бо таърихи миллат тавъам ва  калидӣ  ҳисобида, забони модариро бо нишонаи мансубият ба инсон ва мансубият ба миллат муайян намуда,  дилсӯзона иброз медорад, ки : « …Забони модарӣ (тоҷикӣ) ба ҳар як соҳибзабон бояд ба сифати иммунитети маънавӣ дар муқобили ҳама гуна тамоюлоти бегонапарастӣ хизмат кунад». 

      Забони тоҷикӣ имрӯз дар натиҷаи ғамхориҳои Роҳбари давлат зина ба зина ташаккул ва такомул ёфта истодааст. Хусусан дар замони соҳибистиқлолии миллии кишварамон он дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олиро ба худ касб намудааст.

    Пешорӯи аҳли илму маориф вазифаи муҳим- расонидани забони тоҷикӣ ба мақоми комили забони илм истодааст, ки дар ин самт иқдомҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд. Дар нигоштаҳои Пешвои миллат таъкидҳои падарона ҳақиқатнигорона иброз гардидаанд, то ҳамватанони мо, хусусан насли ояндадори кишвари азиз-ҷавонон, аз инкишоф ва таърихи пурғановати забони модарии хеш дарси пирӯзӣ ва ватанпарастиву бунёдкорӣ омӯхта, барои пойдории забону миллат заҳмат кашида, нерӯи бузурги ҷавониро барои ободии диёр ва пешрафти Тоҷикистони азиз сарф намоянд.

   Дар қисмати хотимаввии рисола муаллиф бо дарназардошти таҳқиқҳои илмӣ иброз медорад, ки ; «Дар таълимоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назарияи илман асоснок дар бораи қонунҳои пайдоиш, рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ, моҳияти забон ҳамчун воситаи муносиботи ҷамъиятӣ, ифодакунандаи фарҳанг, маданият, маънавиёт, ва таърихи миллат, нақши забон дар истиқлоли давлатӣ, роҳу усулҳо ва воситаҳои ҳифз кардан, инкишоф додан, бо забони воқеан умумимиллӣ ва  посухгӯ ба кули ниёзҳои умумихалқӣ мубаддал кардани он нишон дода шудаанд».

    Забони тоҷикӣ мавриди иҷроиши вазифаи таърихии хеш садоқатмандона роҳ сӯи фардо гирифтаистодааст. Он барои ҳамагон воситаи ҳамаҷонибаи шуур ва тафаккур, маҳаки асосии мубодиллаи афкору муомилот маҳсуб ёфта,  вусъатбахши маънавиёт ва илму фарҳанг гаштааст. Аз ин рӯ фаъолияти инсон ва рушди ҷомеа тавассути забон сурат гирифта, забон муҳимтарин ба миёноварандаи таҳаввулоти ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Дар суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегардад. Чунончӣ, ӯ дар Паёми телевизионии худ ба муносибати 20-солагии Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 июли соли 2009) чунин гуфта буд: «Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пурнишебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад». Исбот гардидааст, ки шуур ва тафаккури инсон тавассути забон шакл мегирад ва вусъат мепазирад. Ба ибораи дигар, забон аломатҳои зоҳирӣ, ҷиҳати моддии шуур ва тафаккур ба шумор меравад. Ин ҳама таҳқиқҳои баландназарона шоистаи таҳсин ва таъкид аст, ки шеваи гуфтори тоҷикона бо сабк ва усули ороставу пиростаи байён гулчин карда шуда бо шеваҳои хоси нигориш ба самъи ҳаводорон ва ворисони  забони ноб ва шевои тоҷикӣ ирсол карда шудааст.

    Итминони комил дорем, ки таҳияи чунин асари пурарзиш ва пурғановат барои толибилмони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо, омӯзгорон, масъулини корхонаҳои давлатӣ ва маҷмӯан кӯлли иродатмандони забони тоҷикӣ бозёфти нодир маҳсуб ёфта, бо ифшо ва роҳкӯшоии баландмақомӣ, завқи хонандаро инкишоф дода, роҳбалад сӯи дастовардҳои нодир дар заминаи риоя ва густариши забони модарӣ мегардад.

    Муаллифи рисола ба зуҳури таҳаввулоти тоза ва таҳлилҳои ҳақбинонаи хоса, дар мавриди таҳқиқи илмии «Масъалаи забоншиносии  миллӣ дар таълимоти Пешвоии миллат», бо тозапаёмиву тозаназирӣ, саҳифаи навтарини эҷозро барои хурду бузурги сокинони кишвари  азиз пешниҳод намуд, ки  мавриди ҷонибдорӣ ва  эътирофи беназир аст. Арзанда аст, ки мо ворисони ин забоннамунаи ҳидояткунандаи сифатҳои олии ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хотиррасон намуда, ба ин равшангари орзуву ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик дар кору пайкор содиқона пайравӣ намуда ва аз насл ба насл чун рӯҳи шикастнопазири миллӣ пайғом расонем.Ин қарзи фарзандии мо дар назди миллату Ватан  аст.

  Сафаралӣ СОБИРОВ,  номзади илмҳои сиёсӣ, директори муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 10, ноҳияи Ёвон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.