Раиси шаҳри Левакант: Дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам
Муминзода Мастура Табарӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант имрӯз, 8 феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ягон дороӣ надорад. Ӯ афзуд, ки дар шаҳри Левакант дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад.
«Ман ягон дороӣ надорам. Хонаи истиқоматии шахсӣ ҳам надорам»,-гуфт ӯ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки раисони дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба суоли чӣ дороӣ доранд, гуногун посух гутаанд. Хона, мошин, асп ва бустонсаро дороии раисони чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон аст, ки дар нишастҳои матбуотии гузашта маълум гардида буд.
Тибқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Бар зидди коррупсия” аз соли 2003, ки онро ҳам Тоҷикистон шуруъ аз соли 2008 эътироф кардааст, мансабдорони тоҷик вазифадоранд ҳар сол то 1-уми апрел вобаста ба дороиҳояшон ба нозироти андоз эъломия пешниҳод кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ